СИТОРА АЗ ТӮҲФАИ МУХЛИСАШ "ШОК " ШУД!

СИТОРА АЗ ТӮҲФАИ МУХЛИСАШ "ШОК " ШУД!

 Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Ситораи Кароматулло чанд муддат пеш бо духтарчаи навзодаш Моҳ аз Амрико ба Ватан баргашт.

Баъди таваллуди нахустфарзандаш Ситора дурудароз сукут накарда, зуд ба саҳна баргашт, то ки мухлисонашро бо таронаҳои нави хеш шод гардонад. Ситорабону мегӯяд, духтарчааш Моҳрӯ бисёр хушпою қадам аст. Дар ҳақиқат ба пою қадами неки ин майдача шубҳа карда намешавад, зеро чанд рӯз қабл ба модараш мошини қимматбаҳои “Лексус” тӯҳфа карданд. Ин ҳадяи гаронбаҳо аз кист, худи Ситора ҳам намедонад. “Ман шаб дар хона бо духтарам машғул будам,ки ба телефонам паёмак омад. Онро кушодам. Дар паёмак навишта буданд, ки як бор аз тиреза ба поён нигоҳ кун. Хавотир шуда ба поён нигаристам ва дар даромадгоҳи хонаам мошини “Лексус” - ро дидам, ки бо лентаҳо ороиш дода шуда буд. Зуд либоси гармамро пӯшида ба кӯча баромадам. Дар танаи мошин “ Сюприз” навишта шуда буд. Ин тӯҳфа маро сахт дар ҳайрат гузошт. Аз нафаре,ки ин тӯҳфаро ба ман лоиқ донистааст, зиёд миннатдорам” -мегӯяд Ситораи Кароматулло. подробнее тдж: https://oila.tj/news/sitora-az-tfai-mukhlisash-shok-shud

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон