расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Туркия карантинро шадид ва соати комендантӣ ҷорӣ кард

. / Ҷаҳон

Туркия карантинро шадид ва соати комендантӣ ҷорӣ кард

Рӯзҳои истироҳат аз хона ба берун баромадан манъ мешавад.


Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, ки тадбирҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар шадидтар мешаванд, менависад хабаргузории “Анадолу”, ки 112.ua ба он истинод меорад.
Ба ин тариқ, аз имрӯз, 1 декабр фаъолияти ҳаммому сауна, ҳавзҳои шиноварӣ ва толорҳои варзишӣ дар Туркия боздошта шуда, воридшавӣ ба марказҳои савдо танҳо ба миқдори муайяни шахсон ва он ҳам бо рамз (код)-и рақамӣ иҷоза дода мешавад.
Гуфта мешавад, акнун дар тамоми қаламрави кишвар ҳамарӯза аз соати 21:00 то 05:00 соати комендантӣ амал намуда, аз соати 21:00-и шоми рӯзи ҷумъа то соати 05:00-и субҳи рӯҳи душанбе аз хона ба берун баромадан пурра манъ мешавад.
Ба гуфтаи Эрдуғон, амали соати комендантӣ ба кормандони як қатор соҳаҳо, аз ҷумла истеҳсолот, таъминот, бахшҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ дахл надорад.
Зикр мегардад, ки бозору мағозаҳои хӯрокворӣ, дӯконҳои фурӯши гӯшт ва сабзавот дар рӯзҳои истиороҳат низ хизматгузориҳои расонидани маҳсулот ба хонаро анҷом дода метавонанд. Ба шаҳрвандони синни то 20-сола, инчунин шахсони синни аз 65-сола боло истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ манъ мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.