ПАДАРДОРОНИ БЕПАДАР: НАЗАРЕ БА РӮЗГОРИ КӮДАКОНИ ОИЛАҲОИ МУҲОҶИР

ПАДАРДОРОНИ БЕПАДАР: НАЗАРЕ БА РӮЗГОРИ КӮДАКОНИ ОИЛАҲОИ МУҲОҶИР

 Аз ту нафрат дорам падар!

Билолҷони 10-сола то ҳол рӯйи падарашро надидааст. Ӯ ҳанӯз дар батни модараш ҳафтмоҳа буд, ки падараш модарашро аз шаҳри Самараи Русия ба Тоҷикистон фиристод. Билолҷон дар ҳамин ҷо дар хонаи бобою бибиаш ба дунё омад. Мегӯянд, ки дар 9-моҳагиаш падари муҳоҷираш боре ба Тоҷикистон омада будааст, вале баъди ин бе ному нишон ғайб зада, дигар на ӯву модарашро суроғ карду на як тин пул фиристод. Билолҷон ҳамроҳи модараш дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар манзили бобояш зиндагӣ мекунад ва рӯзгори сангине дорад. Модараш дар як ошхона пешхизмат шуда, кор мекунад ва бар ивази меҳнати сангин рӯзе 10-15 сомонӣ дастмузд мегирад. Бо ин пули ночиз ӯ наметавонад тамоми ниёзҳои Билолҷонро ҳосил намояд ва аксаран ҳатто барои харидани хӯрока ва дигар маводҳои ниёзи аввал душворӣ мекашанд. (Ногуфта намонад, ки мушкили таъмини маводи ғизоӣ ба аксари оилаҳои муҳоҷирон хос мебошад. Тибқи тадқиқотҳое, ки соли 2018 дар доираи лоиҳаи “Ҳимояи кӯдакон дар раванди муҳоҷират дар мамолики Шимолу Шарқ ва Осиёи миёна гузаронидашуда беш аз 78%-и оилаҳои муҳоҷирон бо мушкили таъмини маводи аввалияи рӯзгор мувоҷеҳ мегарданд. Барои 98%-и хонаводаҳо таъминоти маводи ғизоӣ яке аз мушкилоти асосии рӯзгор ба шумор меравад) Вақте ки муаллимон барои надоштани дафтар, албом ё наовардани пули иҷораи китоб Билолҷонро назди тахтаи синф мебароранд, сурху сафед мешавад, бечора бача. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бо либосҳои куҳнаю пойафзоли дарида ба дарс рафтанашро дида, ҳамсинфонаш ба ҳолаш механданд. Зиндагии қашшоқона ва мазоқу масхараи бачаҳо Билолҷони 10-соларо мактабгурез кардааст. ӯ дар тамоми ноҷӯриҳои ҳаёташ падари муҳоҷирашро, ки дар Русия зани дигар гирифта, онҳоро фаромӯш кардааст, гунаҳкор медонад ва ба падараш нафрат дорад. Чаро Фаррух оворагардӣ мекунад? Фаррух 14 сол дорад, вале чунон хурдҷусса аст, ки кас ӯро 9-10-сола гумон мекунад. Тақдири Фаррух низ ба тақдири Билолҷон монандӣ дорад. Фарқият дар он аст, ки Билол аз номардии падар нолон асту Фаррух аз бемеҳрии модар. Фаррух яксолаву семоҳа буд, вақте ки падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд. Падараш зани дигар гирифт, модараш низ пас аз чанде ӯро ба бибию бобояш монда, домони мардеро гирифту ба Русия рафт. Падару модараш ҳар ду зиндаву саломат бошанд ҳам, Фаррух худро тамоман бе касу танҳо эҳсос мекунад. Модараш бо шавҳари наву фарзандонаш овора аст ва дар як сол танҳо як бор –дар рӯзи зодрӯзаш ба Фаррух занг мезанад, падараш бошад, ягон бор ӯро суроғ накардааст. Дар хонаи бобояш касе номашро намегирад. Тағоҳову янгаҳояш ӯро ҳамеша «Сағераи бесоҳиб» гуфта, садо мекунанд ва барои хурдтарин гуноҳ бераҳмона мезананд. Аз ҳамин сабаб, бача хонагурез шудааст ва ба ҷойи он ки ба мактаб рафта, илму дониш омӯзад, рӯзҳои дароз дар кӯчаҳо оворагардӣ мекунад… Тадқиқотҳои соли 2014 дар доираи лоиҳаи “ Таъсири муҳоҷират ба кӯдакони ба ҳукми тақдир вогузоршуда дар Тоҷикистон” нишон медиҳанд, ки ҳудуди 42%-и бачаҳои оилаҳои муҳоҷир мактабро тарк менамоянд.

Фаррух ва Билол танҳо нестанд Фаррух ва Билол танҳо нестанд. Зиндагии душвори ин ду кӯдаки бегуноҳ барои аксари оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ошност. Рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани волидон кӯдаконро бо як қатор мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ намудааст: 1)Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани падар, модар ё ҳар дуи волидон боиси аз тарбия дур мондани кӯдакон мегардад. 2)Кӯдаконе, ки волидонашон солҳои дароз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва хеле кам онҳоро суроғ мекунанд, зарбаи сахтӣ руҳӣ мегиранд. 3)Кӯдаке, ки падар ё модараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, ғамхорию меҳрубонии дигар волидонро нисбати фарзандонашон дида, худро аз ҳамсолонаш кам ва ба касе нолозим эҳсос мекунад ва азоби рӯҳӣ мекашад. 4)Кӯдакони оилаҳои муҳоҷир дастгирию пуштибонии падару модарро ҳис намекунанд, аз ҳамин сабаб, аксарияташон беҷуръат буда, ба худ ва ба қобилиятҳои худ боварӣ надоранд. 5)Дурии волидон боиси бе назорат мондан ва мактабгурезу оворагард шудани бачаҳо мегардад. 6)Иддае аз кӯдакони оилаҳои муҳоҷир аз лиҳози иқтисодӣ сахт танқисӣ мекашанд ва аксаран бо сабаби надоштани дафтару китоб ё либоси дурусти мактабӣ зери коҳиши муаллимон ва мазоқу масхараи ҳамсолонашон қарор мегиранд. 7)Кӯдаконе, ки волидонашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, тарбияи фарзандонашонро ба хешу ақрабои худ вогузор кардаанд, аксаран бо хушунату зӯроварӣ дучор мешаванд. Бибию бобо, тағову амак, холаву амма ва дигар пайвандон аз набудани волидони кӯдак истифода бурда, корҳои вазнинро ба сари бача бор мекунанд, дашном медиҳанд, таҳқир мекунанд ва ҳатто мезананд. 8) Занҳои муҳоҷирон ба фишори сахти равонию иқтисодӣ гирифтор мешаванд, зеро онҳо маҷбур ҳастанд, ки дар як вақт ҳам вазифаи модар ва ҳам вазифаи падарро иҷро карда, бар замми ҳамаи ин, барои таъмини ниёзҳои оила ва фарзандон пул кор кунанд. Муаллимон чӣ мегӯянд? Омӯзгор Зуҳро Бобиева мегӯяд, аксаран кӯдакони оилаҳои муҳоҷир бе тайёрӣ ба дарс меоянд. Вақте ки падар ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, бори гарони зиндагӣ бар дӯши зан меафтад. Аз паси ташвиши чӣ тавр хӯрондану пӯшондани фарзандон овора шуда, модар дигар вақт ва қуввату мадоре намеёбад, ки ба тарбияи кӯдаконаш машғул шуда, ҳамроҳи писар ё духтарчааш дарс тайёр кунад ва дар аз худ намудани барномаи таълимӣ ба кӯдак ёрӣ расонад. Бепарвоии волидон ба ҷараёни хониши фарзандонашон боиси аз дигар ҳамсолонаш қафо мондану сустхон шудани мактаббача мегардад… Шаппотӣ ба ҷойи навозиш -Барои он ки кӯдак ҳамчу шахсият рушд намояд, муҳити солим, пеш аз ҳама муҳити солими хонаводагӣ зарур аст. Падару модар бояд дар якҷоягӣ кӯдакро тарбият намоянд. Вақте ки падар ё модар ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, муҳити оилавӣ аллакай ноқис гашта, кӯдакон тарбияи пурра гирифта наметавонанд. Дили ман махсусан ба кӯдаконе месӯзад, ки ҳам падар ва ҳам модарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ба ҷойи муҳаббату навозиши падару модар ин тоифаи кӯдакон ҳар рӯз аз хешу ақрабо шаппотию шаллоқ хӯрда, ҳам азоби ҷисмонӣ ва ҳам азоби рӯҳӣ мекашанд. Ҳудуди 70%-и кӯдаконе, ки падару модарашон онҳоро ба тарбияи наздикони худ гузошта рафтаанд, бо ин мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд, зеро пайвандонашон, ҳамсолон ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа нисбати тақдири эшон бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Аксаран ҳуқуқҳои ин тоифаи кӯдакон аз ҷониби хешовандон поймол карда мешаванд. Аз як тараф дурии падару модар аз ҷониби дигар зӯроварии пайвандон чунин кӯдаконро аз хушиҳои айёми бачагӣ бе насиб ва аз зиндагӣ дилсард месозад,-сабаби аз тарбия дур мондану оворагард шудани кӯдаконро шарҳ дода, таъкид мекунад, ҳуқуқшинос Ҷонмаҳмадзода Зебо. Назари равоншинос Равоншиноси машҳури тоҷик, устоди кафедраи психологияи ДИТ Каримов Қутбиддин андешаҳояшро сари ин мавзуъ чунин баён медоранд: -Тадқиқотҳои иҷтимоиву психологии солҳои охир дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки қисми зиёди мушкилоти рафториву ахлоқии наврасони тоҷикистонӣ бавосита ва ё бевосита бо муҳоҷирати меҳнатии волидони онҳо алоқамандӣ доранд. Мутаассифона, бисёре аз падарон фарзандони навраси худро дар давраи ҳассоси рушди шахсияти онҳо гузошта, барои муддатҳои зиёд ба хориҷа мераванд. Таассуфовартар он аст, ки ҳатто қисме аз волидон дар якҷоягӣ ба муҳоҷират рафта, фарзандонро бо мушкилоти зиёди иҷтимоиву равонӣ танҳо мегузоранд. Албатта хешовандони наздик, бобову бибӣ дар аксар ҳолат кӯдаконро бо меҳру муҳаббат ва назорати хеш фаро мегиранд. Аммо, тадқиқотҳои психологӣ исбот менамоянд, ки барои рушди ҳамаҷониба ва мукаммали кӯдак маҳз меҳри модару падарӣ муҳим аст. Албатта, мо зарурати иҷтимоиву иқтисодии муҳоҷиратро сарфи назар карданӣ нестем, танҳо бояд ба эътибор гирифт, ки ҷиҳати эҳсоси иштироки волидон дар ташаккули шахсияти хеш барои кӯдак аз наздикии ҷисмонӣ ва ҳузури бевоситаи падару модар дида, наздикии эмотсионалии онҳо зарур аст. Яъне, ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштан низ тавассути барқарор намудани муоширати дурусти телефониву бохабар шудан аз мушкилоти фарзанди хеш меҳри падариву модарии хешро изҳор намудан ва дар тарбияи фарзандони хеш ширкат кардан мумкин аст. Модар, агар оқила бошад… Хушбахтона, оилаҳои муҳоҷире низ ҳастанд, ки ба тарбияву таълими фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Шавҳари Муҳаррама Камолова 12 сол боз муҳоҷир аст ва дар 3-4 сол танҳо як маротиба ба Ватан меояд. Муҳаррама тамоми қувват ва тавони худро ба тарбияи шаш фарзандонаш равона кардааст, то ки бачаҳояш дурии падарро эҳсос накунанд. Духтари калониаш донишҷӯст, ду фарзандаш дар Литсейи байналмилалии тоҷикию туркӣ мехонанд, ду фарзанди дигараш дар мактаби одӣ таҳсил намоянд ҳам, аълохон ҳастанд ва аксашон мудом тахтаи фахриро зеб медиҳад. Муҳаррама мегӯяд: «Ман либоси қиматбаҳо намепӯшам, зару зевар намехарам, вале ҳамаи қуввати худро ба донишомӯзии фарзандонам равона кардам, то ки хонда мутахассисони хуб шаванд ва мисли падарашон дар зиндагӣ азоб накашанд…» Фароғат Назарова низ мисли Муҳаррама зани оқила аст. Шавҳараш чандин сол боз дар Русия бошад ҳам, нагузошт, ки дурии падар ба тарбияи кӯдаконаш таъсири манфӣ бирасонад. Фароғат худ ҳамшираи шафқат шуда, кор мекунад ва маоши ночизе мегирад, аммо ба ин нигоҳ накарда, бачаҳояшро дар мактабҳои беҳтарин гузошт, то ки дониши хуб бигиранд. Имсол духтари калониаш бе ягон тағобозӣ, бо дониши худаш ба яке аз беҳтарин донишкадаҳои Русия дохил шуд ва Фароғат аз ин комёбии фарзандаш меболад… Ф. Сатторӣ Мардуми тоҷик масали хубе доранд: «Аввал зану охир зану он гоҳ зану мард!» Дар ҳақиқат, агар волидон, хоса модарон масъулияти бештар эҳсос намуда, ба тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, новобаста ба ҳама мушкилиҳое, ки паёмади муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, кӯдакон аз лиҳози равонию ахлоқӣ солим ба воя мерасанд ва донишу саводи хуб омӯхта, ҳамчун шахсиятҳои комилҳуқуқ ва бомаърифат ба камол мерасанд.

Мавод бахшида ба ҷашни 30-солагии солгарди Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакон аз ҷониби Фонди кӯдаконаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гаштааст. Ҳадафи ин силсила баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар боби ҳуқуқ ва ниёзҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Андешаҳое, ки дар маводҳои мазкур зикр ёфтаанд, метавонанд бо мавқеи расмии фонди кӯдакон муттафовут бошанд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/padardoroni-bepadar-nazare-ba-rzgori-kdakoni-oilaoi-muoir

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон