ДАР ДУШАНБЕ БОЗ 8 НАФАРРО БО КОРДУ КАСТЕЛ ДАСТГИР КАРДАНД

ДАР ДУШАНБЕ БОЗ 8 НАФАРРО БО КОРДУ КАСТЕЛ ДАСТГИР КАРДАНД

 Тавре ки РВКД Душанбе хабар медиҳад, дар рӯзҳои аввали соли 2020 дар идомаи амалиёти “Корд” дар пойтахти Тоҷикистон 8 нафарро бо силоҳи сард дастгир карда аз онҳо 7 корд ва як адад 1 кастет дарёфт ва мусодира намуданд. 

Ёдрас мешавем, ки РВКД Душанбе дар пайи як силсила муноқишаҳои хунини байни ҷавонону наврасон бо истифода аз силоҳи сард аз аввали моҳи октябр дар пойтахт амалиёти “Корд”-ро роҳандозӣ намуда буд. Дар се моҳи ин амалиёт дар Душанбе ҳудуди 90 нафар бо силоҳи сард дастгир карда, нисбати эшон “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” кор бурда шуданд. Аксари ҷавонони дастгиршуда зода ва сокини шаҳри Душанбе ҳастанд ва ба хотири интиқом гирифтан аз ҳамсолонашон рӯйхат тартиб дода, мехостанд онҳоро бо аслиҳаи сард аз байн бибаранд! 

Рӯйхати ин ҷавонон дар идораи боздоштгоҳи зидди ҷиноятҳои матташакил сабт ёфта, тафтишот аз рӯи онҳо идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон