ҶАЛБКУАНДАИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

 

ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи шаҳрванд Қаҳҳоров Назирҷон Абдугаппарович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Овчи-Қалъача, кӯч.Ҷавонӣ х.18 дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2017 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ш.Москваи ФР қарор доштанаш,  бо даъвати аъзоёни фаъоли ташкилоти экстремистии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва «ДИИШ» “Расул” ва “Хумоён” ном шахсони ба тафтишот номаълум ба ташкилоти мазкур, ки мақсади мароми ниҳоии ин иттиҳод барҳам додани давлатҳои шакли идоракуниаш демокаратӣ аз ҷумла ҶТ ва дар заминаи он барпо намудани давлати Исломии  «Хилофат» мебошад, шомил гашта, дар давоми соли 2019 ба худ вазифаи даъватчӣ ва тахаллуси «Абдулло»-ро қабул намуда, фаъолият намудааст. Нисбати шаҳрванд Қаҳҳоров Н.А. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи-3, қ.2 КҶ ҶТ  оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон