СӮИҚАСД БА ҶАЛБ ВА ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

СӮИҚАСД БА ҶАЛБ ВА ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

 06.01.2020  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳусейнов Маҳмадраҷаб Маҳмадуллоевич 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Бохтариён, деҳ. Тағоев дастгир карда шуд. Номбурда, аз соли 2004 то инҷониб бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москваи ФР рафта, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш, тавассути сомонаҳои иҷтимоии “Ютуб”, “Одноклассники” ва барномаи месенҷерии “Телеграмм”, “Вотсап”, “Имо” ва “Инстаграмм” аз ҷониби аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати-Исломӣ” бо номҳои мустаори “Абу Усомаи Норакӣ”, “Абу Надир Доғистонӣ” ва “Фуркон Фаластин” ҷалб гардида, ақида ва ғояҳои ин ташкилотро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Баъдан, моҳи октябри соли 2019 ба Тоҷикистон баргашта, тавассути барномаҳои интернетӣ бо пешниҳоди “Абу Суҳайб” ба номи амири ташкилоти террористӣ бо номи “Иброҳим ва Ҳусейн ал Қурайшӣ”, “Байъат”, яъне қасам ёдкарда, дидаю дониста бо мақсади барпо намудани “Хилофат”-и ягонаи исломӣ ва “Ҷиҳод” ба аъзои ташкилоти террористӣ- экстремистии “Давлати Исломӣ” бо номи мустаъори “Абу Зубайд” тавассути “СМС паёмак” хабар додааст, ки барои “Ҳиҷрат” намудан омода мебошад. Нисбати шаҳрванд Ҳусейнов М.М. парвандаи ҷиноятӣ сол бо 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон