ҚАЛЛОБӢ ЗИМНИ ФУРӮХТАНИ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ

ҚАЛЛОБӢ ЗИМНИ ФУРӮХТАНИ ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ

 Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 63-солаи сокини кӯчаи Зайнаббибии пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 13-уми феврали соли 2018, дар назди хонаи истиқоматиаш, марди 43-солаи сокини ҳамон кӯча, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 123 ҳазору 125 сомониро гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навсохташуда, воқеъ дар кӯчаи Зарафшон хонаи якҳуҷрагиро гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон