БО РОҲИ ЗӮРОВАРӢ ГИРИФТАНИ МАБЛАҒ ВА ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ

БО РОҲИ ЗӮРОВАРӢ ГИРИФТАНИ МАБЛАҒ ВА ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ

 Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 04:30-дақиқа, шахсони номаълум, ӯро ҳангоми дар кӯчаи Навбаҳор қарор доштанаш бо тариқи ошкоро лату кӯб намуда, аз дасташ 4000 сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси А-3 2017», ки арзишаш 2100 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6100-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ва ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон