ҶАВОНМАРДИ ГОВҶИГАРИ ӮЗБЕК ҲАБИБ НУРМАГАМЕДОВРО МАҒЛУБ КАРДАНИСТ

ҶАВОНМАРДИ ГОВҶИГАРИ ӮЗБЕК ҲАБИБ НУРМАГАМЕДОВРО МАҒЛУБ КАРДАНИСТ

 Як ҷавонмарди 40-солаи узбек ба қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов ба қавли маъруф «вызов» дода, иддао дорад, ки чемпиони машҳури ҷаҳонро мағлуб хоҳад кард.

Ин мард сокини минтақаи Пешкуни вилояти Бухорои Ӯзбекистон буда, барои ба ҳадафи хеш расидан расман ба сомонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муроҷиат намудааст. Ҷавонмарди говҷигари ӯзбек аз сарвари кишвараш хоҳиш намудааст, ки барои бо қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов муҳориба оростанаш мусоидат намояд. 

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин марди далер мустақилона қаҳрамони номдори доғистони пайдо карда наавониста бошад ҳам, дилшикаста нагаштааст ва азм дорад, ки бо кӯмаки президент ин масъаларо ҳал карда, ҳатман ҳамин сол бо Ҳабиб Нурмагемедов қувваозмоӣ мекунад. Довталаб ҳамчунни талаб кардааст, ки қабл аз мубориза Ҳабибро аз муоинаи тиббӣ гузаронанд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/avonmardi-govigari-zbek-abib-nurmagamedovro-malub-kardanist

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон