ҒОРАТГАРӢ

02.01.2020 шаҳрванд Икромов Ҷамолиддин Ҳасанович 1963 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. 40-солагии Октябр х.139 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 29.12.2019 сол тахминан соати 16.00-дақиқа дар назди бозори “Корвон”, воқеъ дар кӯч. Крупский шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ ҳамёнаш, ки дар дохилаш 261-сомонӣ будааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сатторов Нурулло Зайнуллоевич 1978 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Восеъ, деҳ. Гулобод, дастгир карда шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон