ҶАЛБ ВА ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

ҶАЛБ ВА ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ  МУСАЛЛАҲ

 02.01.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абдусатторзода Гузал (Ҳамроева Шоира Абдусатторовна) 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. С.Разин х.19, соли 2015-ум бо шаҳрванди Ҷум. Туркия ба номи Аҳмадҷон Гулчам ба шавҳар баромада, худи ҳамон сол ба Ҷумҳурии Туркия рафтааст. Номбурда, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш, бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “ДИИШ” шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Баъдан, шаҳрванд Абдусатторзода Г. дидаву дониста, ки иштирок дар воҳидҳои мусаллах, муҳорибаҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ бар зидди ҳукумати қонунии дигар давлатҳо бар хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, қасдан нияти ба ҳудуди Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёни ташкилоти мазкур “Ҷиҳод” намуданро кардааст. Шаҳрванд Абдусатторзода Г. соли 2015-ум бо роҳи ба тафтишот номаълум ба ҳудуди Ҷумҳурии Сурияи Араб рафта, ба сафи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии “ДИИШ” шомил шуда,  то ҳол дар амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили қувваҳои ҳукумати қонунии Ҷум. Сурияи Араб иштирок карда истодааст. Нисбати шаҳрванд Абдусатторзода Г. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи-1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон