ФАВРӢ: МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ГУМ ШУД!

ФАВРӢ: МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ГУМ ШУД!

 Як муҳоҷири тоҷик, ки як сол пеш бо мақсади дарёфти ризқу рӯзии хеш аз Тоҷикистон ба Русия сафар карда буд, дар ин кишвар бе ному нишон гаштааст.

Ин ҷавон Ҳаснов Суҳайлӣ Фахриддинович буда, соли таваллудаш 23.09.1995 мебошад. Тавре Иззат Амон, раиси созмони муҳоҷират дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, Суҳайлиро муддати як сол боз тамоми хешу табор ва пайвандонаш дар Русия ҷустуҷӯ доранд. Муҳоҷироне, ки ҳамроҳаш буданд, гуфтаанд, ки Суҳайлӣ як сол пеш ҳамроҳи онҳо дар корхонаи қаннодӣ кор мекард, вале баъд бо хоҳиши худаш ариза навишта, бе ягон мушкилӣ тарки корхона намуд. Вай ба касе чизе нагуфта баромада рафтааст ва дӯстонаш ба куҷо рафтанашро намедонанд. Иззат Амон дар саҳифаи шахсияш дар фейсбук аз кулли муҳоҷирон ва мардуми тоҷик хоҳиш кардаасат, ки дар пайдо намудани ин муҳоҷири гумшуда кӯмак намоянд, зеро падару модар ва аҳлу пайвандонаш аз бедарак гаштани Суҳалӣ ҷиграхун шуда, бо чашмони ашкбор бозгашти ӯро интизорӣ мекашанд. Касоне, ки дар бораи ин ҷавон чизе медонанд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг бизананд: +79645594961 подробнее тдж: https://oila.tj/news/favr-muoiri-toik-dar-rusiya-gum-shud

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон