ФАВРӢ: ТАРМА БОЗ ЧАНД МОШИНИ ДИГАРРО БА КОМИ ХУД КАШИД?(3-АКС)

ФАВРӢ: ТАРМА БОЗ ЧАНД МОШИНИ ДИГАРРО БА КОМИ ХУД КАШИД?(3-АКС)

 Тахминан соатҳои 11 ба 12-и имрӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар наздикии ағбаи Анзоб тӯдаи тарма фаромада, боиси маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо гаштааст. 

Тавре корманди сомонаи Oila.Tj Муҳаммадҷон Саидов аз ҷои ҳодиса хабар дод, ду мошини калони боркаш(фура) ва як мошини тамғаи “Opel Zafira” бо мусофирони аз Русия ба Тоҷикистон омадааш зери тарма мондаанд. Мавзуф зикр намуд, ки дар километрҳои 62 ва 69 шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар Майхӯраи ноҳияи Варзоб бар асари бориши барфи зиёд роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд баста шуд ва 120 нафар мусофир дар роҳ банд монданд.  Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқуллода зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои бартараф намудани хатар фавран чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармарез ва роҳҳои душворгузари кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ронандагон беш аз ҳарвақта эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.  подробнее тдж: https://oila.tj/news/favr-tarma-boz-chand-moshini-digarro-ba-komi-khud-kashid3-aks

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон