ДОДАНИ ПОРА

ДОДАНИ ПОРА

 24.12.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Маҳмадиев Собирҷон Сафаралиевич 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Ҳисор х.1, ҳ.24, пеш бо моддаи 200 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Номбурда, бо мақсади аз ҷавобгарӣ озод намуданаш оиди ҳолати ғайриқонунӣ аз озоди маҳрум намудани шаҳрванд Каримов Муҳаммадакбар Нуралиевич 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Ҳисор, ҷ\д Ориён, деҳ.Чанор, ба корманди  РМЗҶМ ВКД ҶТ  5000-доллари ИМА-ро ҳамчун пора пешниҳод намуда, санаи 19.12.2019 сол  дар утоқи кории РМЗҶМ ВКД ҶТ дар вақти додани 1800-доллари ИМА дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Маҳмадиев С.С. аз тарафи прокуратураи ш.Душанбе, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 320 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон