САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

 16.12.2019 тахминан соати 18.00-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “ДЭУ-Леганзе”, р/д 20-09 ЕЕ/01 шаҳрванд Мирқосимов Ҳасан 1952 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Дурбад, деҳ. Турдиқишлоқ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти маркази ш.Ҳисор ба самти деҳ. Турдибобо, дар ҳудуди деҳ. Турдибобо аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Зоҳидов Ҳамроқул Гулович 1940 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқ. ҷ/д Дурбад, деҳ. Дурбадро пахш намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд Зоҳидов Ҳ.Г. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

17.12.2019 тахминан соати 17.00-дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Мерседес-Бенс», р/д ТҶ 55-50 КО/02 шаҳрванд Ҳамроҷонов Мақсудҷон Муҳаммадҷонович 1981 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Хистеварз, кӯч. Мопр х.5, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ҷ/д Хистеварз аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба а/м тамғаи «Опел-Астра», р/д ТҶ 91-90 ВО/02 таҳти идораи ронанда, Ҷамолиддинов Собирҷон Абдукаримович 1973 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш духтури беморхонаи клиникии №1-и ҷ/д Хистеварз, истиқ. ҷ/д Хистеварз, кӯч. Фрунзе х.5, бархӯрдааст. Дар натиҷа ҳарду ронандагон; Ҳамроҷонов М.М, Ҷамолиддинов С.А. ва мусофири а/м тамғаи «Опел-Астра» шаҳрванд Низомиддинова Шаҳло Абдуҷалоловна 1976 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш духтури беморхонаи марказии ш.Бӯстон, истиқ. ҷ/д Хистеварз, кӯч. Фрунзе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи марказии н. Б.Ғафуров бистарӣ гардидаанд. Дар беморхонаи мазкур шаҳрванд Ҳамроҷонов М.М. аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.

 

17.12.2019 тахминан соати 08.40-дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Мерседес-Бенс”, р/д 44-88 СН/01 шаҳрванд Норов Ғуломҷон Ғафорҷонович 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ш.Турсунзода, маҳаллаи-2 х.179, ҳ.7, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ҷ/д Чортеппа, деҳ. Меҳрободи н.Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ғуломов Исроил Муҳаммадраҳимович 2001 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ш.Ҳисор, ҷ/д Навобод, деҳ. Мавлонҷари-болоро пахш намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд Ғуломов И.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон