ТАБЛИҒОТЧӢ ДАСТГИР ШУД

ТАБЛИҒОТЧӢ ДАСТГИР ШУД

 17.12.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҷӯраев Зуҳриддин Валиевич 1997 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқ. ҷ/д Яхтан, деҳ. Лолазор, дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи майи соли 2019 ҳангоми дар ш.Екатеринбурги ФР қарор доштанаш, ба воситаи телефони мобилиаш аз шабакаи интернетии «Ютуб» баромадҳои яке аз аъзоёни фаъоли ташкилоти террористии «ДИИШ», ки ҳадафи асосиаш бо роҳи зӯроварӣ дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Ҷум. Тоҷикистон барпо кардани «Хилофати Исломӣ» мебошад, бо номи «Абу-Салоҳ»-ро оиди даъват ба ҷиҳод ва содир кардани амалҳои террористӣ-экстремистӣ дар қаламрави давлати Сурияро тамошо карда, бо мақсади сафедкунии фаъолияти террористии зикршуда бо истифода аз шабакаи интернет баромадҳои номбурдаро дастгирӣ карда, мафкура ва таҷрибаи террористии аъзоёни иттиҳоди ҷиноятии «ДИИШ»-ро бо роҳи дар зери сабтҳои видеои навиштаҷоти шарҳ (коментария) дуруст эътироф намудааст. Шаҳрванд Ҷӯраев З.В. тавассути шабакаҳои интернетии «Ютуб» ва «Одноклассники» бо роҳи шарҳ додани баромадҳои хусусияти террористӣ-экстремистидоштаи аъзоёни ин ташкилотро ба таври оммавӣ тарғибу ташвиқ намуда, мафкура ва таҷрибаи «Терроризм»-ро дуруст эътироф карда, онро пайваста дастгирӣ намуда, ҳамчун «Модератор» фаъолият кардааст. Минбаъд, ӯ шахсан фаъолияти террористӣ ва экстремистии гурӯҳҳои мазкурро назорат карда, дар ин гурӯҳ наворҳои видеоӣ ва баромаду даъватҳои роҳбарони ташкилоти ҷиноятиро гузошта, бо тариқи оммавӣ ба ташвиқоту тарғиботи ғояҳои террористӣ ва экстремистӣ машғул гардидааст. Нисбати шаҳрванд Ҷӯраев З.В. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 179 иловаи 3, қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон