ЧОРВОДУЗДӢ

ЧОРВОДУЗДӢ

 12.12.2019 ш-нд Хоҷаева Давлатбӣ Раҳматуллоевна 1976 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д, Чубек, деҳ.Меҳрвар ба ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намуд, ки  санаи 04.12.2019 сол тахминан соати 17.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи ҷ/д Чубек, деҳ. Меҳрвар, 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 2000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида  аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-ндон, Мирзоев Дилшод Бобомуродович  1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор,  истиқ ҷ/ш. Москва, кӯч.Б.Ғафуров х.20/3  ва Маҳмадраҳимов Бунёд Айдаралиевич 1984 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор,  истиқ ш.Москва, кӯч. Саъдӣ х.7, ҳ.6, дастгир карда шуданд. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати ш-дон, Мирзоев Д.Б, ва Маҳмадраҳимов Б.А. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2, банди “а,б,в”-и КҶ ҶТ аз тарафи ГТ ШВКД оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон