ҲАНИФА, МУҲОҶИРЗАН: ҲАР БОРЕ МУРДА МЕШУСТАМ, МАРО ДАҲШАТ ФАРО МЕГИРИФТ

ҲАНИФА, МУҲОҶИРЗАН: ҲАР БОРЕ МУРДА МЕШУСТАМ, МАРО ДАҲШАТ ФАРО МЕГИРИФТ

 Ҳанифа Эмомова, як муҳоҷирзан тоҷик муддати 11-сол мешавад,ки дар морги шаҳри Астрахани Русия мурдаҳоро мешӯяд. Ҳанифаро зиндаги маҷбур намудааст, ки қатори ҳазорон-ҳизор муҳоҷирони тоҷик барои ба даст овардани як луқма нони ҳалол роҳи ғурбатро пеш бигирад. Тавре, ки худи ӯ мегӯяд: -Зимистони соли 2008-ум шавҳарам зани ҷавон ёфта, маро бо се фарзанди хурдсол талоқ дод. Барои хӯрондану пӯшондани фарзандонам маҷбур шудам, ки онҳоро ба тарбияи модарам гузошта, роҳи Русияро пеш бигирам. Аввалҳо бекор будам ва азобҳои сагро мекашидам. Ба худ азм кардам, ки кори мушкилтарин бошад ҳам, иҷро мекунам, то ки барои фарзандонам ризқу рӯзӣ ёбам. Рӯзе бо чашмони гирён дар истгоҳи роҳи калони шаҳри Астрахан истода будам,ки як марди арманӣ аз пешам гузашт. Беҷуръатона пурсидам: -Нет ли у вас в городе какая нибудь работа, чтобы я смогла работать? Мард бо диққат ба чеҳраи ман нигариста гуфт: -Есть работа, но в морге, если сможешь, дам адрес, иди работай! Хурсанд шуда, нишониро аз он марди армани гирифта рафтам. Роҳбари морг “Асаламоуалейкум”-гӯён, маро хуб истиқбол гирифт ва вазифаи мурдашӯйиро бар дӯшам гузошт. Рӯзи аввали корӣ ваҳм маро фаро гирифта буд. Вақте ки мошини ёрии таъҷилӣ омаду духтурон мурдаҳоро аз он фаровардан гирифтанд, пойҳоям ба ларза афтоданд. Дар як рӯз шаш ҷасад вориди бинои МОРГ шуд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/anifa-muoirzan-ar-bore-murda-meshustam-maro-dashat-faro-megirift

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон