Қаллобии “табиби халқӣ”: Табобат бо тилло, дуохонӣ ва миёнбандӣ (Видео)

Қаллобии “табиби халқӣ”: Табобат бо тилло, дуохонӣ ва миёнбандӣ (Видео)

  Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як нафар занро дастгир намуданд, ки ӯ бо усули нав, яъне бо тилло гӯё ба дарди шаҳрвандонро дармон мебахшидааст.

 Бино ба гузориши Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин нафар шаҳрванд Ҷураева Наҷмия Додарбековна, соли таваллудаш 1982 зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд мебошад, ки ба шаҳри Душанбе омада, бо роҳи мардумфиребӣ ба табобат машғул будааст.

  Зимни омӯзиш ва мавриди санҷиш қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда, худро ба шаҳрвандон бо ҳар номе “табиби халқӣ” муаррифӣ намуда, мегуфтааст, ки ба воситаи тилло бахткушо, баровардани сеҳру ҷоду ва инчунин як қатор бемориҳои дигарро табобат мекунад.

  Масалан, номбурда бо мақсади хуб кардани муносибати як сокини 31-солаи пойтахт бо шавҳараш ба боварии ӯ даромада, як миқдор ҷавоҳироти арзишманди тиллоиро гӯиё дуохонӣ намуда, дар миёнаш бастааст. Пас аз чанд лаҳзае бо мақсади маротибаи дуюм дуохонӣ намудан ҷавоҳироти тиллоиро кушода гирифта дар ҷайбаш пинҳон кардааст. Бо ин роҳ ба ҷабрдида зиёда аз 105 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ин зани “табиб” дар айни замон барои содир намудани 9 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, бо ин роҳ ба шаҳрвандон ба миқдори 66 ҳазор доллари амрикоӣ ва 215 ҳазору 550 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

  Айни замон нисбати гумонбаршаванда Ҷураева Наҷмия Додарбековна тибқи талаботи моддаи 247-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон