Қазияи Ҳувайдои 5-сола: даст доштани Сёмин ба куштор исбот шуд, вале айбдорияш не

Қазияи Ҳувайдои 5-сола: даст доштани Сёмин ба куштор исбот шуд, вале айбдорияш не

 Муҳокимаи парвандаи куштори духтари тоҷик Ҳувайдои панҷсола дар Маскав бидуни пешрафти назаррас баргузор шуд, вале таконҳое дар ин кор дида мешавад ва ахиран даст доштани гумонбари асосӣ Александр Сёмин дар қатли Ҳувайдо исбот гардид

Дар Маскав мурофиаи додгоҳии духтари тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Серпухово паси дарҳои баста баргузор шуд.

"Коллегия аризаи шикоятии ду вакили дифоъи айдборшаванда Александр Сёминро, ки 30 сентябр қабул карда буд, муҳокима кард. Додгоҳ ҷонибҳоро гӯш карда қарори худро бетағйир боқӣ монд ва шикояти ҷонибдорони Сёминро қаноат накард. Масъалаи айбдоршавӣ муҳокима нашуд, парванда идома дорад", - гуфт вакили дифоъи хонаводаи Тиллозода Шавкат Умаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Худи айбдоршаванда дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат накардааст. Ӯ то ҳол дар беморхонаи рӯҳӣ қарор дорад. Ба ҷои Сёмин ба додгоҳ справкаи дар ҳолати вазнин будани айбдоршаванда, оварда шудааст

 

"Ҷонибдорони Сёмин пофишорӣ доранд, ки ӯ дар куштор даст надорад ва айбдор нест. Онҳо далелҳои худро барои сафед кардани Сёмин оварданд, ки мо албатта бо онҳо ризо нестем. Бояд қайд кард, ки то ин дам ҳамаи маводҳо омӯхта шуда, даст доштани Сёмин ба содир кардани ин ҷиноят исбот шуд", - қайд кард вакили дифоъ.

 

Айни замон муҳокимаи парвандаро қонуни Федератсияи Русия каме кашол медиҳад, чун инсони аз ҷиҳати рӯҳӣ бемор наметавонад дар содир кардани ҷинояте айбдор шавад.

"Мо беҳтар шудани вазъи рӯҳии Сёминро интизорем ва баъд муҳокимаи парванда пурра ҷараён хоҳад гирифт. Дар хулосаи пизишкон аз бемористони рӯҳӣ ноқисии айбдоршаванда муваққатӣ навишта шудааст. Мо албатта интизор мешавем, ки ҳарчӣ зудтар бемор табобат ёбад ва ба додгоҳ ҳозир шуда дар назди қонун ҷавоб диҳад", - гуфт Умаров.

Чун мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста баргузор мешавад, дар назди дари додгоҳ падар ва вакили дифоъро намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Русия интизор буданд, то аз рафти мурофиа бохабар шаванд.

 

"Онҳо ба мушкили ин хонавода бетараф нестанд ва доим барои кумак омода ҳастанд , - илова кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Сёмин гумонбари асосӣ дар қатли Ҳувайдои 5 - сола дар яке аз бемористонҳо касалии рӯҳӣ дар Смоленский қарор дорад.

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.



Read more: https://sputnik-tj.com/asia/20191206/1030350329/Parvanda-huvaydo-5-sola-dast-doshtani-Smin.html

назари худро нависед
  • Mikedut
  • 09-12-2019, 15:12
  • : 15:12
    • Маҳкул
    • 0
По моему мнению Вы не правы. Давайте обсудим это.

---
мне понравился...советую,тем кто не смотрел,посмотрите обезательно - неразачируетесь купить авторские права, купить водительских прав или купить осаго купить муляж прав
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон