“ТАБИБИ ХАЛҚӢ” 135 000 СОМОНИРО ДУЗДИД

 Субҳи имрӯз аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабарро дар мавриди ошкор шудани қаллобии «табиби халқӣ» хонда, аз зудбовар ва сода будани бархе аз сокинони кишварамон таассуф хӯрдам.

Наход занони мо то ин дараҷа зудбовар бошанд, ки зарру зеварашонро бо ду дасти адаб бароварда ба дасти дуздон диҳанд?! Дар хабар омадааст, ки рӯзи 20-уми сентябри соли 2019 як зани 37-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хонаи истиқоматии зани 31-солаи сокини кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе даромада, худро ба қавле “табиби халқӣ” муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ҷавонзанро бовар кунондааст, ки ба воситаи дуохонӣ дар маблағ ва ё ҷавоҳироти тиллоӣ тамоми мушкилоташро рафъ хоҳад кард. Соҳибхоназан ба гуфтаҳои ин “табиби халқӣ” дода шуда, тамоми дороиашро, ки ҷамъоҷамъ 135 ҳазор сомониро ташкил медод, бо дасти худ ба ин зани қаллоб бароварда додааст. “Табиб”-и мардумфиреб ба ҷавоҳироти зан дуои хонда, сипас онро ба рӯймоле печонда ба тани бемор мебандад, то кирми баданашро резонад. Тааҷубовараш он аст, ки чи тавр ин “табиби халқӣ” тавонистааст ноаён аз дохили рӯймол ҷавоҳиротро гирифта, онро бо пахта пур карда, баъдан ба миёни зан бубандад. Табиби мардумфиреб таъкид менамояд, ки муддати ду соат, то баргаштани ӯ рӯймолро аз миёнаш накушояд. Пас аз ин, зани қаллоб ҷавоҳироти муфт ба даст омадаро гирифта, ғайб задааст. Ногуфта намонад, ки ин зан пештарниз бо ҳамин усул як зани дигари 53-соларо, ки сокини ноҳияи Синои шаҳри Душане мебошад, фиреб карда, ҳудуди 58,800 сомонӣ маблағро ғорат кардааст. Алайҳи ин зани мардумфиреб бо моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. 

Ҳарчанд тӯли солҳои охир дар радиову телевизион, рӯзномаву маҷалла ва сомонаҳои иттилоотӣ дар бораи фиребгарии ба ном муллову фолбин ва табибони халқӣ зиёд мегӯянду менависанд, то ҳол одамони содаю зудбоваре ёфт мешаванд, ки ба осонӣ ба доми чунни қаллобону мардумфиребон меафтанд. Чунин ба назар мерасад, ки мардуми мо дар сари ХХ1 зиндагӣ карда истода, то ҳол аз духтур дида, ба чалламуллою чалафолбинҳо бештар бовар ва эътиқод доранд. Далели равшани ин гуфтаҳо эътиқоди кӯр-кӯронаи одамон ба Темурхон Сатторов барин афроди фиребгар, ки бо лақаби “Шайх Темур” машҳур гашта, худро паёмбари охирзамон ълон карда буд ва билохира тамоми макру ҳиллаҳояш фош гашта, аз ҷониби мақомот боздошт ва дар зиндон кушта шуд, мебошад. Тааҷҷубовараш он аст, ки рафтору кирдори Шайх-Темур барин қаллобон то имрӯз ба халқи мо дарси ибрат нагашта, ҳамоно ба доми фиреби ба ном табибу муллову фолбинҳо меафтанд ва бо дасти худ молу амволашон дода, пасон мисли мурғи посӯхта дар ба дар медаванд. Ҷойи тазаккур аст, ки натанҳо занон, балки баъзе мардон низ ба сафсатаҳои чунин “табибони халқӣ” боварӣ доранд. Барои решакан намудани чунн эътиқодҳои зараровар сатҳи хизматрасонӣ ва дараҷаи касбияти духтуронро дар беморхонаҳои кишвар баланд бардоштан лозим аст, то ки мардум барои беҳдошти саломатии худ аз ин пас на ба чунин табибони фиребгар, балки ба табибони асил муроҷиат намоянд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/tabibi-khal-135-000-somoniro-duzdid

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон