Рекорди нави Лионел Месси

Рекорди нави Лионел Месси

 Лионел Месси, ҳамлагари дастаи футболи “Барселона”-и Испания  ва дастаи мунтахаби Аргентина бори шашум ҷоизаи “Тӯби тилоӣ”-ро ба даст овард.

 

Маросими 64-умини супурдани ҷоиза, ки аз ҷониби нашрияи  France Football роҳандозӣ шуда буд, шоми 2 декабр дар Театри Шатлеи шаҳри Париж баргузор шуд.

 

Ин нишондоди рекордӣ буда, то ҳеч футболбозе ба чунин муваффақият даст наёфтааст. Футболбози маъруфи дастаи “Ювентус”-и Италия ва дастаи мунтахаби Португалия Роналдо  5 маротиба соҳиби ҷоизаи “Тӯби тилоӣ” шудааст.

 

Лионел Месси дар соли 2019 дар ҳайати дастаи “Барселона” дар Ла-Лигаи  Испания қаҳрамон шуда ва бо 49 гол беҳтарин нишонзан эътироф гардид.

 

Лионел Месси 32 сол дорад. Вай дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015 ва 2019 бонуфузтарин ҷоизаи ҷаҳони футбол-“Тӯби тилоӣ”-ро ба дпаст овардааст

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон