ХОЛМАҲМАД 16-РӮЗ БОЗ ДАР ҲОЛАТИ КОМА ҚАРОР ДОРАД (5-АКС)

ХОЛМАҲМАД 16-РӮЗ БОЗ ДАР ҲОЛАТИ КОМА ҚАРОР ДОРАД (5-АКС)

Як муҳоҷири 29-солаи тоҷик бо исми Сафаров Холмаҳмад Иброҳимович 16 рӯз инҷониб дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии шаҳри Ногинск дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад. Ин ҷавон аслан сокини кӯчаи Истиқлоли шаҳри Ваҳдат буда, мисли ҳазорон-ҳазор ҷавонмардони тоҷик бо нияти пайдо намудани ризқу рӯзии худ ва пайвандонаш аввалҳои моҳи ноябр рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварда буд. Холмаҳмад ҳамроҳи ҳамсараш дар Русия дар як заводи истеҳсоли ҳасиб кор мекард, аммо... Ҳамагӣ пас аз як ҳафтаи ба кор даромаданаш, санаи 14-уми ноябр ба сари ин муҳоҷири тоҷик фоҷиаи бузург омада, мошини тамғаи Таёта, ки Холмаҳмад мусофири он буд, ба мошини калони Камаз бархӯрд. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ Холмаҳмад аз сар ҷароҳати вазнин бардошта, кундаи сина ва майнаи сараш сахт осеб дидааст. 

Инак, беш аз ду ҳафта боз ин ҷавони тоҷик дар беморхонаи марказии шаҳри Ногинск дар ҳолати кома қарор дорад. Пайвандони Холмаҳмад аз тамоми бародарону хоҳарони мусалмон хоҳиш менамоянд, ки ба қадри тавоноии худ дар табобати ин ҷавон саҳми хешро гузоранд ва дар ҳаққаш дуо кунанд. Касоне, ки аз ҳолу аҳволи Холмаҳмад Сафаров бохабар шудан мехоҳанд, метавананд бо телефони зерин +79100843439 дбо бародари Холмаҳмад, Хуршед Сафаров дар тамос шаванд! Корти Сбербонк: 4276400050761908    подробнее тдж: https://oila.tj/news/kholmamad-16-rz-boz-dar-olati-koma-aror-dorad-5-aks

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон