ХОЛМУРОДИ СИДДИҚ: ЗАНАМ 130% РАШК МЕКУНАД

 Акои Холмурод, баъзе ҷӯраҳоятон мегӯянд, ки шумо аз давраи ҷавониатон ҳамин хел шӯху бебок будед ва гӯё янгаро дуздида овардаед. Натарсидед, ки барои духтардуздӣ шуморо ҳабс карданашон мумкин аст?

—Он ки гӯё ман занамро дуздида бошам афсона аст, вале ману ҳамсарам ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудаем. Пас аз хатми донишгоҳ дар Маскав ба Ватан баргашта, ман аввал ба Донишкадаи педагогӣ рафтам, то ки аз ҳолу аҳволи бародари донишҷӯям хабар гирам. Пас аз салому алейк бародарам ба таърифи як духтараки донишҷӯ сар карда, чунон ӯро ситоиш намуд, ки оби даҳони ман шорид. Духтарро надида ошиқ шудам. Бисёр мехостам чашмамро бо дидани ҷамоли он нозанин об диҳам, аммо дарс ба охир расида, донишҷӯён кайҳо рафта буданд. Беҳуда намегӯянд, ки зангиру аспгир девона аст, рӯзи дигар ман боз роҳи Донишкадаи омӯзгориро пеш гирифтам ва бо он духтар вохӯрдам. Хушбахтона бо як нигоҳ мо забони ҳамдигарро ёфтем… Падару модаратон, ягон духтари дигарро таги чашм накарда буданд? -Пиру кампир арӯси таги чашм кардагӣ надоштанд, вале бо сабаби он ки духтари интихобкардаи ман аз ноҳияи Панҷ буд, тӯямон камтар кашол ёфт. 

Шумо ҳамчун мард худро дар зиндагии оилавӣ хушбахт меҳисобед? -Албатта! Оилаи обод ва се фарзанди баркамол дорам. Шукри Худо соҳиби чанд набера ва бобою бибӣ шудем. Магар хушбахтӣ аз ин зиёд мешавад?! Шумо ҳаҷвнигори шинохта ва марди машҳур ҳастед. Дар атрофатон ҳамеша бонувони зиёде чарх мезананд. Янга рашк намекунанд? —Оҳ рашк! Рашк мегӯеду рашксанҷаки электронӣ пеши назарам меояд. Чӣ хел рашкченкунак? -Занҳои тоҷик, агар 60-70 фоиз нисбати шавҳаронашон рашк дошта бошанд, ҳамсари ман пир шуда бошад ҳам, рашкаш 120-130 фоиз аст. Дигаронро фишори хунашон баланд шавад, янгаатонро ҳар рӯз фишори рашкаш баланд мешавад… Шумо бо занҳои бегона камтар хушгӯӣ кунед, ки фишори янга баланд нашавад-дия! —Ман дар саҳна марди айшпараст ва занбоз бошам ҳам, дар ҳаёт бисёр одами ҷиддӣ ҳастам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ягон маъшуқа надорам! Ҳамин хел бо ҳарфҳои калон- калон нависем, ки Холмуроди Сиддиқ маъшуқа надорад?! —Нависед, нависед, ки Холмуроди Сиддиқ ҳеҷ вақт ба ҳамсараш хиёнат намекунад! Дар охир метавонед ягон ҳодисаи аҷиби зиндагиатонро нақл кунед? -Як дӯстамон раиси ноҳия аст. Боре раис моро ба хонааш ба меҳмонӣ таклиф кард. Азбаски кӯчаашон тангкӯча будааст, мошинро дар сари роҳ монда, хостем пиёда равем. Нав аз мошин фаромада будем, ки барқ хомӯш гашта атроф тип-торик шуд. Дар торикӣ чанд қадам зада будем, ки овози раис баромад: “Холмурод, дӯстам, хуш омадед, биёед, биёед, қадамҳоятон нури дида…” Мо аз рӯйи таомули тоҷикона ба истиқболи соҳибхона ва ҳамроҳонаш оғӯш кушода “дӯстам, шумо нағз мӣ, дуруст-мӣ, саломатӣ, бачаҳо, аҳли хонаводаатон хубанд…” гӯён, се-чор маротибагӣ такрор ба такрор вохӯрӣ ва салому алейк кардем. Ҳамин вақт боз барқ равшан шуд ва дидем, ки ба ғайр аз худамон, ки 4 нафар будем, дигар ягон кас нест. Дар торикӣ ҳамдигарро соҳибхона гумон карда, бо навбат ба оғӯш гирифтаем. Бовар кунед, қариб буд, ки аз ханда рӯдакан шавем… подробнее тдж: https://oila.tj/news/kholmurodi-siddi-zanam-130-rashk-mekunad

 

назари худро нависед
Обратный звонок
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон