Даҳшат:Навзодро аз даҳони сагон ёфтанд: муроҷиати ВУД ба мардум баъди ҷинояти мудҳиш-видео

Даҳшат:Навзодро аз даҳони сагон ёфтанд: муроҷиати ВУД ба мардум баъди ҷинояти мудҳиш-видео

 Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни гузориш аз ҷинояти мудҳиши фарзандкушӣ дар вилояти Суғд, аз фарзандбезорҳо даъват кардааст, ки ба ҷои қатлу партофтан, навзодҳоро ба давлат, ё афроде диҳанд, ки мехоҳанд кӯдакро ба фарзандхонӣ гиранд

Ҷинояти мудҳиш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди он ошкор гардидааст, ки сокинони кӯчаи Ҷалолиддини Румии ҷамоати деҳоти Дадабой Холматов, санаи 4 ноябр дар даҳони сагони дайду ҷасади навзодро мушоҳида карданд, хабар дод ВУД.

Ба иттилои манбаъ, баъди таҳқиқи ҳодиса муайян шудааст, ки навзодро модараш – сокини 30-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта, ба партовгоҳ партофтааст.

 

ВУД таъкид кардааст, ки муттаҳам оилаи солим дошта, модари се фарзанд мебошад, аммо ҳомиладории чорумашро аз аъзои оила ва ҳатто шавҳар пинҳон доштааст ва намехостааст ин фарзандаш зинда монад.  

Ин ниҳод афзуд, ки ин зан санаи 1 ноябр, тақрибан соати 4:30 дар болои зинапояи баланди бетонии хонааш писарчаро таваллуд кардааст, ки дар пайи бархӯрд ба замин ҷароҳат бардошта, баъди чанд муддати бепарвоии барқасдонаи модар ҷон додаст.

Ба иттилои ВУД, муттаҳам сипас навзодро дар чуқурии партовгоҳ партофтаст. ВУД таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар муроҷиат ба шаҳрвандон зикр намудаанд, ки дасткашӣ аз фарзанд роҳҳои қонунӣ дорад ва дар баробари он, ки давлат барои кӯдакон шароит фароҳам овардааст, ҳастанд оилаҳое, ки чунин кӯдаконро ба фарзандӣ қабул карда, шароити арзанда таъмин мекунанд.  



Read more: https://sputnik-tj.com/news/20191122/1030263835/Murojiati-VUD-mardum-badi-jinoyati-mudhish-navzodro-az-dahoni-sagon-yoftand-video.html

назари худро нависед
Мне кажется, что это уже обсуждалось, воспользуйтесь поиском по форуму.

---
Существуют ли аналоги? максбет зеркало, настольное зеркало а также леонбетс зеркало прямо сейчас зеркало разбить
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон