“Салимов баъди 1 рӯзи озодӣ ба номуси кӯдак дастдарозӣ кард”-видео

“Салимов баъди 1 рӯзи озодӣ ба номуси кӯдак дастдарозӣ кард”-видео

 Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳабси дубораи Рамазон Салимов хабар дод, ки баъди як рӯзи баромадан ба озодӣ нисбати кӯдак бадахлоқии шаҳвонӣ анҷом додаст

Рамазон Салимов, сокини 38-солаи ноҳияи Вахш баъди як рӯзи раҳоияш аз зиндон, 29-уми октябри соли равон нисбати кӯдаки 8-сола бадахлоқӣ кардааст, гузориш дод ВУД.

 

Манбаъ афзуд, ҳодиса рӯзона дар заминҳои чарогоҳи деҳаи Рӯдакии ноҳияи Вахш, замоне рух додаст, ки кӯдак ба чарондани чорво машғул будааст.  

"Рамазон Салимов, сокини деҳаи Рӯдакии ноҳияи Вахш, баъди як рӯзи ба озодӣ баромаданаш бо роҳи фиреб як нафар ноболиғи 8-соларо, ки ба чарондани чорво дар чарогоҳи деҳа машғул буд, ба заҳкаш бурда, нисбаташ кирдори бадахлоқона анҷом додаст”, - гузориш дод ВУД.

Ин ниҳод таъкид кардаст, ки баъди чанд соати ҳодиса муттаҳам ба ноболиғи дигар ҳамла карда, аз ӯ дастгоҳи аудиовизуалиро ситондааст.

Ба иттилои ВУД Тоҷикистон феълан Рамазон Салимов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Назари худи муттаҳам дар бораи ин қазия маълум нест.



Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191122/1030263697/badi-1-ruzi-ozodi-ba-nomusi-kudak-dastdarozi-kard-video.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон