Боздошти қочоқчӣ: қасди интиқоли 100 ҳазор доллар ба Тоҷикистон дошт

Боздошти қочоқчӣ: қасди интиқоли 100 ҳазор доллар ба Тоҷикистон дошт

 Кормандони гумруки Узбакистон дар марз бо Тоҷикистон як қочоқчии узбакро боздошт намуданд, ки қасди ба Тоҷикистон интиқол додани 100 ҳазор доллари амрикоӣ дошт

Аз интиқоли 100,5 ҳазор доллари амрикоӣ ба таври қочоқ аз Узбакистон ба Тоҷикистонро гумрукчиёни вилояти Ҷизах пешгирӣ намуданд.

Ба иттилои котиботи Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон, кочоқчиро дар постгоҳи "Кушкент", ки дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ҷойгир аст, мавриди боздошт қарор доданд.

 

Тибқи иттилои агентӣ, кормандони гумрук як шаҳрванди Узбакистонро боздошт кардаанд, ки ғайриқонунӣ кӯшиши интиқоли миқдори зиёди асъори хориҷиро аз ин кишвар кардааст.

"Ҳангоми тафтиши худраваш Opel Astra, боздоштшуда дар қисмҳои гуногуни мошин пули нақди хориҷиро пинҳон намудаст", -  омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, тибқи Кодекси ҷиноятии Узбакистон, барои таҳвили пули нақд то 8 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.



Read more: https://sputnik-tj.com/asia/20191119/1030244563/Bozdosht-kochokchi-kasd-intikol-100-hazor-dollar-ba-Tojikiston-dosht.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон