ҶОВИДОНИ АСКАРБАЧА АЗ ЛАТУ КӮБ МУРД Ё...

 Додситонии низомии Тоҷикистон марги сарбози низомиро дар ноҳияи Лахш таҳқиқ мекунад.Ҷовидон Амирхонов дар қисми низомӣ ҳамагӣ 18 рӯз хизмат карда аст. Хешовандони сарбоз мегӯянд, ки ӯ дар натиҷаи латукӯби шадид ҷон додааст. 

Ҷовидон Амирхонови 22-соларо зодаи ноҳияи Фархор буда, дар қисми низомии 02011A воқеъ дар Лахш хизмат мекард. Субҳи рӯзи 15-уми октябр Ҷовидон бо хоҳиши худаш ба қисми низомӣ ҳозир шудааст. Пас аз 18 рӯзи хидмат сарбозро ба беморхонаи ҳарбии шаҳри Душанбе интиқол додаанд ва ӯ шаби 11-уми ноябр дар он ҷо вафот кард. Ҷисми бе ҷони Ҷовидон Амирхоновро рӯзи дигар дар зодгоҳаш, деҳаи Давлатободи ноҳияи Фархор дафн карданд. Хешовандони ин сарбози ғуррамарг мегӯянд, ки Ҷовидон дар натиҷаи латукӯби яке аз афсарон ҷон додааст. 

Рӯзи 15уми ноябр аз прокуратураи Рашт хабар доданд, ки сабаби дақиқи марги Ҷовидон Амирхонов то ҳол маълум нест.

Бознашр аз Озодӣ

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон