МУНОҚИШАИ ОИЛАВӢ БОИСИ МАРГИ ЗАН ГАШТ

 Бино ба иттилои сомонаи eadaily.com рӯзи 11-уми ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Нур-Султон зане, ки шавҳараш ӯро оташ зада буд, вафот кардааст.

Аъзои бадани ин зан 75% сӯхта буд ва барои зинда мондан ягон имконият надошт, вале беш аз як моҳ дар беморхона барои ҷонаш мубориза бурд.

Ин моҷарои тақдирсӯз рӯзи 6-уми октяб ба вуқӯъ пайваста буд. Байни зану шавҳар муноқишаи оилавӣ сар мезанад ва дар сари қаҳру ғазаб марди 43-сола ҳамсари 38-соларо кашолакунон ба як макони вайрона бурда, аз сараш бензин рехта, оташ мезанад. Зани бечора дар як лаҳза ба гулхани фурӯзон табдил ёфта, сар то по сӯхтааст. Ҷабрдидаро дар ҳолати ниҳоят вазнин ба бемористон бурданд, аммо табибон ҷони ин ҷавонзанро аз панҷаи марг наҷот бахшида натавонистанд ва баъди беш аз як моҳи азобҳои алим ӯ бо ҷисми пуробила дунёро тарк гуфт. Пас аз фавти ин зани бетолеъ 6 кӯдаки ӯ ятим монданд, ки аз ҳама калонашон 16-сол дорад.

Нисбати марди занкуш парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, тафтишоти ин моҷарои қисматсӯз идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон