Исроил раҳбари «Ҷиҳоди исломӣ»-ро кушт

Исроил раҳбари «Ҷиҳоди исломӣ»-ро кушт

 Артиши Исроил дар Твиттер эълом кард, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар манзилҳои зисти мақомҳои баландпояи созмони «Ҷиҳоди исломӣ»-ро ҳадаф қарор доданд. Ба иттилои манбаъ, дар навори Ғазза раҳбари «Ҷиҳоди исломӣ» Баҳа Абу ал-Ато кушта шудааст.

Сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу 12 ноябр гуфт, ҳукумат ва артиши кишвараш тасмими маҳви раҳбари «Ҷиҳоди исломӣ»-ро 10 рӯз пеш якдилона гирифта буданд.

«Ин шахс муҳаррики терроризм ва бомба буд», — афзуд Натаняҳу. Дар хабарҳо ал-Аторо ба даст доштан дар садҳо амали террористие айбдор кардаанд, ки зидди низомиён ва сокинони осоишта равона шудаанд. Артиши Исроил акси хонаи тахрибшудаи ал-Аторо дар Ғазза нашр кардааст. Вазорати тандурустии навори Ғазза гуфт, дар натиҷаи партоби мушакҳои Исроил 3 фаластинӣ кушта ва 18 кас захмӣ шуданд.

Гуруҳи «Ҷиҳоди исломии Фаластин» маҳви Исроилро ҳадаф гузоштааст. Фаъолияти он дар Исроил, ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо манъ карда шудааст. Вазорати умури дохилии Исроил мегӯяд, Эрон созмони мазкурро сармоягузорӣ мекунад.

Нерӯҳои Исроил ҳамчунин ба самти Димишқи Сурия низ чандин мушак партоб карданд. Дар ин бора хабаргузории расмии Сурия — SANA иттилоъ дод. Дар Димишқ манзили зисти яке аз раҳбарони дигари созмони «Ҷиҳоди исломӣ» Акрам ал-Ҷуриро ҳадаф қарор доданд.

Пас аз кушта шудани раҳбари «Ҷиҳоди Исломӣ» аз навори Ғазза ба Исроил низ чандин мушак партоб шудааст. Ба иттилои низомиёни Исроил, ба ҳудуди ин кишвар 150 мушак партоб шуд, ки 60 тоашон дар осмон маҳв карда шуданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон