Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи тарки октагон гуфт

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи тарки октагон гуфт

 Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, пешгӯиро дӯст намедорад, вале тарки октагон пас аз муҳориба бо Фергюсон аз эҳтимол дур нест

Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ишора кард, ки пас аз рақобат бо Тони Фергюсон, ки соли 2020 баргузор мешавд, тарки октагон мекунад, хабар медиҳад, Allboxing.

Ҳабиб ҳамчунин иқрор шуд, ки муҳимтарин разм дар фаъолияти варзишиаш муҳориба бо Конор Макгрегор буд.

Дар баробари ин варзишкор гуфт, пешгӯӣ карданро дӯст намедорад ва ба зиндагӣ назари воқеъӣ дорад.

"То рақобат бо Тони Фергюсон бояд зиндагӣ кард. То он замон наздики ним сол - панҷ моҳ боқист. Ман фикр мекунам, ки пас аз он рақобат дигар чизе намемонад. Мебинем", - изҳор дошт Ҳабиб Нурмуҳаммадов.

Пештар падари Ҳабиб дар бораи анҷоми фаъолияти варзишии писараш гуфта буд.

Ба изҳори падари Ҳабиб, ӯ танҳо барои ду ё се маротибаи дигар ба октагон мебарояду халос.

 

Зимнан Абдулманап қайд намуд, ки феълан рақиби аз ҳама мувофиқу арзанда барои Ҳабиб ин Тони Фергюсон мебошад. Муҳорибаи ин ду варзишгари бақувват, бузургтарин рақобат дар таърихи UFC хоҳад буд.

Гузашта аз ин, Абдулманап дар мавриди эҳтимоли баргузор шудани муҳорибаи Ҳабиб бо Конор Макгрегор гуфт, ки рақобат танҳо дар  мавриде имкон дорад, агар рақибони Ҳабиб аз иштирок дар набард даст кашанд.

 

Маврид ба зикр аст, ки Ҳабиб феълан 31 сол дорад ва баҳори соли гузашта камарбанди қаҳрамони ҷаҳон дар муҳорибаи сабукро сазовор шуд ва ду маротиба тавонист онро ҳифз намояд.

Дар муҳорибаи аввал варзишгари ирландӣ Конор Макгрегорро шикаст дод ва ҳамчунин аз размикори амрикоӣ Дастин Пуаре низ дастболо шуд.

Ҳабиб алъон 28 муҳориба анҷом додаст ва боре ҳам шикаст нахурдаст.



Read more: https://sputnik-tj.com/sport/20191112/1030205577/Habib-Nurmagomedov-dar-bora-tark-oktagon-guft.html

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон