Афғонистон аз пирӯзӣ бар “Давлати исломӣ” хабар дод

Афғонистон аз пирӯзӣ бар “Давлати исломӣ” хабар дод

 Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои дохилии Афғонистон Маъсуд Андаробӣ (Massoud Andarabi) аз торумор кардани нерӯҳои созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар қаламрави кишвар хабар дод. Дар ин бора хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи Андаробӣ, гурӯҳҳои хурди ДОИШ ба нерӯҳои ҳукумат таслим шуда, террористоне, ки ба дигар минтақаҳо рафтанианд, дар ҷараёни амалиёти махсус маҳв карда мешаванд. Ба қавли ӯ, сокинони маҳаллӣ ба фаъолияти кадом як “шабакаи хориҷӣ” дар қаламравашон роҳ намедиҳанд.

Ин изҳороти роҳбари ВКД-и Афғонистон дар маросими таъини сардори нави Раёсати пулис дар вилояти шарқии Нангарҳор садо дод, ки гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бори нахуст соли 2014 дар ин ҷо зуҳур карда, қароргоҳ барпо кард. Дар ин бора 1TV хабар медиҳад.

Бахши ДОИШ дар Афғонистон моҳи январи соли 2015 аз таъсисёбиаш хабар дода, дар иншооти ҳарбӣ ва мулкӣ якчанд амали террористӣ содир кард. Ахиран ВАО дар бораи заъиф шудани нерӯҳои ДОИШ дар Афғонистон мавод ба нашр мерасонанд.

Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти ҳамлаи рӯзи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”, воқеъ дар 60 километрии шаҳри Душанбе, дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро бар дӯши ДОИШ вогузор кард.

Дар ҷараёни амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон 15 нафар ҳамлагарон кушта ва 5 тан аз онҳо боздошт шуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти махсус 6 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла, 1 корманди милитсия ва 5 нафар марзбонон ба ҳалокат расиданд.

Ҳарчанд дар Кобул ворид шудани ҷангиёни ДОИШ-ро ба Тоҷикистон аз Афғонистон рад карда бошанд ҳам, баъд аз замоне хомӯшӣ масъулияти ин ҳамларо “Давлати исломӣ” ба уҳда гирифт.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/security/20191111/afoniston-az-pirz-bar-davlati-islom-habar-dod

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон