Духтарро ба партовгоҳ бурд: ҷазои пранкер барои “санҷиши садоқати дӯстдухтар”-видео

Духтарро ба партовгоҳ бурд: ҷазои пранкер барои “санҷиши садоқати дӯстдухтар”-видео

 Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе навореро, ки дар он Аҳлиддин Беқулов, блогери ҷавон барои санҷиши “садоқати дӯстдухтар”, ӯро ба мулоқот ба партовгоҳи умумишаҳрӣ мебарад, санҷидаст

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ як нафар блогер “пранк”-еро нашр кард, ки дар он дӯстдухтарашро ба мулоқот даъват карда, гӯиё барои санҷиши садоқаташ чашмонашро баста, ба партовгоҳи умумишаҳрӣ мебарад.

Дар навор омадаст, ки баъди кушодани чашмон, ҷавондухтар худро миёни партовгоҳ ёфта, бо хондани лаънат ба ҷавон аз ҷои сабти навор фирор мекунад. Блогер дар охири навор ин фирорро ҳамчун адами садоқат арзёбӣ кардааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҷавонро барои ин кораш мазаммат карда, бархе аз корбарон хостанд, милиса ин амали блогерро бисанҷад.

Мақомоти умури дохилии Душанбе муайян кардааст, ки ҷавони дар навор инъикосёфта, Беқулов Аҳлиддин Ҷурабекович, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе ва ҷавондухтар Моҳрӯи Зиёдуллаеваи 21-сола, сокини пойтахт мебошанд.

“Зимни пурсиши номбурдагон муайян карда шуд, ки навори мазкур бо иҷозат ва хоҳиши худи ҷавондухтар сабт шуда, мехостаанд бо ин роҳ машҳур ва бо гузоштани он дар сомонаҳои иҷтимоӣ маблағ ба даст оваранд”, - иттилоъ дод раёсати умури дохилии Душанбе.

Манбаъ таъкид кард, ки нисбати ҷавонписар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.



Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191111/1030196789/Dukhtarro-partovgoh-burd-jazoi-pranker-sanjishi-sadoqati-dustdoshta-video.html

назари худро нависед
Я думаю, что Вы ошибаетесь. Давайте обсудим. Пишите мне в PM, пообщаемся.

---
Да вы талантливый человек похудение магниты, срочное похудение и keto slim батончик похудение рассчитать
I am sorry, this variant does not approach me.

---
The intelligible answer viagra online, mexican viagra, cheap viagra online buy generic viagra
Похожее есть что-нибудь?

---
Вопрос интересен, я тоже приму участие в обсуждении. с пептид что за анализ, какие продукты богаты селеном или высокие лимфоциты уровень гликированного гемоглобина при сахарном диабете
Не унывай! Веселее!

---
Это можно бесконечно обсуждать.. hoff парта для школьника, картинки школьники за партами или парты mealux интерактивные парты для школьников
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон