ТИФЛ БАЪД АЗ СЕ МОҲИ МАРГИ МОДАР БА ДУНЁ ОМАД

ТИФЛ БАЪД АЗ СЕ МОҲИ МАРГИ МОДАР БА ДУНЁ ОМАД

 Катарина Сегуейра баъди маргаш тамоми Португалияро ба ҳайрат овард. Ин зан пас аз се моҳи маргаш тифли зинда таваллуд карда аст.

Катарина дар ҳафтаи 19-уми ҳомиладорӣ аз ҳамлаи шадиди астма ба ҳалокат расид. Табибон вақте фаҳмиданд, ки зан ҳомиладор аст, бо иҷозати хешовандонаш ҷисми беҷони Катаринаро ба таҷҳизоти таъминкунандаи ҳаёт пайваст карданд.
Дар асл, ҷисми беҷони Катарина ҳамчун инкубатор барои кӯдаки ҳанӯз зинда кор мекард. Бо вуҷуди чораҳои андешида, духтурон ба мушкилиҳои ҷиддӣ дучор шуданд. Дар ҳафтаи 32 юми ҳомиладорӣ ҷисми Катерина ба мубодилаи оксиген қувват накард ва духтурон қарор доданд, ки фавран ҷарроҳии чоки қайсар гузаронида, тифлакро наҷот диҳанд.
Ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт. Вақти таваллуд вазни тифли навзод 1,7 килоро ташкил медод. Таваллуд пеш аз мӯҳлати муқарраршуда гузашт ва табибон кӯдаки бармаҳал тавлид шударо дар шӯъбаи эҳёгарӣ ҷойгир карданд.
Ҳамин тариқ,Катерина пас аз се моҳи мурданаш, тифли зинда ба дунё овард.
Хешовандони Катерина кӯдакро Салвадор номиданд. Салвадор дуюмин тифли Португалӣ аст,ки баъди марги модараш ба дунё омада аст. Кӯдаки қаблӣ соли 2016, баъди 15 ҳафтаи мурдани модараш тавалуд шуда буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон