Кордзанӣ дар Рӯзи Конститутсия

Кордзанӣ дар Рӯзи Конститутсия

 Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати авбошии марди 51-сола дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб хабар додааст

 Тибқи иттилои ВУД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 51-сола, сокини кӯчаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда, санаи 6 ноябри соли 2019, тахминан соати 15:20-дақиқа, ҳангоми дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ҷанҷол карда, ӯро корд задааст”, - иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ тавзеҳ додааст, ки марди 51-сола бе ягон асос бо марди 40-сола ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагии дар дасташ буда 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст.

 

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки феъланг аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.



Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191107/1030175759/Kordzani-dar-Ruzi-Konstitutsiya.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон