ДАР РУСИЯ ҒУЛОМИ БАРОДАРАМ ГАШТАМ

ДАР РУСИЯ ҒУЛОМИ БАРОДАРАМ ГАШТАМ

 Маро бародарам Ҷовид ба Русия овард. Вай бо сафсатаҳояш падару модарамро бовар кунонда буд, ки дар ин ҷо соҳиби пули калон мешавем, вале кори ёфтаи бародарам ба ман писанд наафтод.

Рӯз то бегоҳ дар тарабхона пиёз пӯст кардан ба кӣ маъқул мешавад?! Ҷонам ба лабам расиду корду тахтаро ба гӯшае ҳаво дода, аз тарабхона баромадам. Бародарам ҳарчанд ҷанҷол кард, аз роҳам нагашта ба назди ҷӯраҳоям, ки дар сохтмон кор мекарданд, рафтам. Соҳиби хона дар назди бачаҳо шарт гузошта будааст, ки манзилашро дар муддати як моҳ пурра таъмир намоянд. Ман бо ҷону дил ба кор часпидам. Аз субҳ то шом мурданивор кор мекардам, то даромади хуб ба даст биёрам, вале рӯзи маошгирӣ ду даст дар бинӣ мондам. Бародарам пеш аз ман ба назди хӯҷаин рафта, музди меҳнатамро гирифта будааст. Қаҳрам омад, ки фарзанди падарам аз ман напурсида, ҳаққи заҳматамро аз худ кардааст. Наздаш рафта пулҳоямро талаб намудам. Гуфт, ки аллакай ҳам маоши ман ва ҳам маоши худашро ба хона фиристодааст. Пас аз ин боз дар чанд ҷойи дигар кор кардам, вале ҳар дафъа ҳаққи меҳнатамро бародарам мегирифт. Намеранҷидам, агар он пулҳоро ба падару модарам мефиристод, вале бародарам ҳаққи заҳмати маро ба хонаи худаш мефиристад. Аламам аз он аст, ки ман дар мулки бегона, дар ғарибӣ ҷонамро дар кафи дастам гирифта, бо сад азоб пул кор мекунаму роҳаташро зану бачаҳои акаам мебинанд. Ба падарам занг зада рафтори номардонаи бародарамро гуфтам. Мӯйсафед ба ғазаб омада ба бародарам занг задаст. Пас аз чанде бародарам ба иҷорахонаи ман омада, маро мисли тӯби футбол зери лагад гирифт ва «барои маро бо падарам ганда намуданат ҷазои ту ҳамин аст» гуфта, баромада рафт. Чанд рӯз боз бо сару тани сиёҳу кабуд дар ин ҷо хобидаам. Бародарам телефонро аз дастам гирифта рафт, на имкони ба касе хабар расондан дорам, на роҳи ба падару модари роҳдурам дарди дил намудан. Имрӯз дар сомонаи интернетӣ сайти «Оила»-ро кушодаму қиссаҳояшро хондаму дар дилам шуълаи умед фурӯзон гашт. Мехоҳам бо кӯмаки сомонаи  «Оила» рӯзи сиёҳамро ба волидонам расонам, то ҷони маро аз азоби ғурбат ва ҷабру зулми бародари ҷоҳилам халос намоянд!
Мақсудҷон, аз вилояти Харменскии Русия

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон