Мусодираи 20 корду кастет ва табару ниқоб дар ду рӯз

Мусодираи 20 корду кастет ва табару ниқоб дар ду рӯз

 Кормандони милитсия рӯзҳои 1 ва 2-юми ноябр зимни амалиёти «Корд» дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз хонандагону донишҷӯён ва ҷавонон 20 ашёи ҳамчун силоҳи сард истифодашавандаро мусодира карданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аснои ин амалиёти пешгирикунанда 16 корд, 1 табар, 1 дастачӯби резинин, 1 кастет ва 1 ниқоб дарёфт гардидааст.

Натиҷаҳои бадастомадаи ду марҳилаи аввал мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, бо мақсади решакан намудани ҳолатҳои бо худ гардонидани корду кастет, электрошокер, дастачӯбҳои оҳаниву резинӣ (бита) ва дигар силоҳи сард аз ҷониби ноболиғону ҷавонон марҳилаи сеюми амалиёти “Корд” роҳандозӣ шудааст.


Дар рафти гузаронидани амалиёти мазкур аз ҷайби ду нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт – Ё.Х., соли таваллудаш 2006 ва Ш.М., соли таваллудаш 2001 кордҳо дарёфт ва мусодира гардидааст.


Зимни баргузории амалиёт аз хонандагони ноболиғи коллеҷҳои касбӣ-техникӣ – А.Б., соли таваллудаш 2003, пеш бо моддаи 252 КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф) суд шудааст, 1 табар


ва аз Ҳ.С., соли таваллудаш 2002, пеш бо моддаи 237 қисми 2 КҶ ҶТ (Авбошӣ) суд шудааст, 1 кастет дарёфту мусодира карда шуд.


Дар боғҳои фароғатӣ ва кӯчаю хиёбонҳои пойтахт аз ҷайби донишҷуёни зерин як ададӣ корд (финка) дарёфт ва мусодира карда шуд:

1. Донишҷӯйи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия – Ш.М., соли таваллудаш 2002, зода ва сокини шаҳри Душанбе;

2. Донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон – Ҷ.Ш., соли таваллудаш 2002 зода ва сокини шаҳри Душанбе;

3. Донишҷӯйи соли 3-юми таҳсили Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Абдуҷаббор Гурезов, санаи таваллуд 20.03.1999, зодаи ноҳияи Фархор, сокини шаҳри Душанбе;


4. Донишҷӯйи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Бадриддин Асроров, санаи таваллуд 20.10.2001, зода ва сокини ноҳияи Темурмалик.


Илова бар ин шоми 1 ба 2 ноябр амалиёти “Корд” дар ҷойҳои оммавии сайру гашти шаҳрвандон, аз ҷумла, боғҳои фароғатӣ ва хиёбону гулгаштҳои пойтахт идома ёфта, аз ҷавонон корд ва дигар ашё дарёфт ва мусодира карда шуд. Зимнан аз шаҳрвандон:

1. Одинаев Шамсулло Одинаевич, 11.01.1983 с.т., зода ва сокини ноҳияи Восеъ, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ (Дуздӣ) суд шудааст, 1 адад корд;


2. Сорбони Олимшо, 16.01.1991 с.т., зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, 1 адад корд;


3. Давлаталиев Маъруф Шоқулоевич, 07.02.1994 с.т., зодаи ноҳияи Ишкошим, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, 1 адад корд;


4. Мирзоев Акмал Саидмуродович, 30.12.1987 с.т., сокини шаҳри Душанбе, 1 адад корд;


5. Шарипов Сомон Аскарович, 30.10.2000 с.т., сокини шаҳри Кӯлоб, 1 адад корд;


6. Гулонов Суҳроб Икромович, 09.07.1999 с.т., зода ва сокини ш.Душанбе, 1 адад корд;


7. Насриддинов Абумуслим Насриддинович, 1992 с.т., сокини ш.Душанбе, 1 адад корд;


8. Эрназарова Ҳавасмо Орифовна, 20.03.1998 с.т., зода ва сокини шаҳри Ҳисор, дар дохили маркази дилхушии “Самира” 1 адад корд;


9. Маҳмадсаиди Сафар, 21.09.1999 с.т., зода ва сокини вилояти Хатлон, 1 адад корд;


10. Чалишев Анварҷон Ашрафҷонович, 26.09.1990 с.т., зода ва сокини ш.Душанбе, 1 адад корд;


11. Забиров Рустам Ҷумабекович, 30.08.1989 с.т., зода ва сокини ш.Душанбе, 1 адад чӯбдаст (бита);


12. Алиев Равшан Рафоатович, 03.05.1991 с.т., зода ва сокини ш.Душанбе, 1 адад ниқоби сиёҳ барои содир кардани ҷиноят.


Барои зоҳир кардани бепарвоӣ тибқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нисбат ба волидони 12 нафар ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Ҳамзамон барои бо худ гардонидани корд нисбат ба 14 нафар ҷавонон мавод тартиб дода шуда, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки аз ибтидои амалиёт дар се марҳила аз 12-уми октябр то 2-юми ноябр дар умум аз 40 шаҳрванд (12 нафар хонандагони МТМУ ва литсейю коллеҷҳо, 6 нафар донишҷӯён, 22 нафар ҷавонон) 41 адад силоҳи сард ва ашёи ба сифати силоҳ истифодашаванда (32 корд, 1 табар, 2 кастет, 2 дастачӯб, 3 элекрошокер, 1 ниқоб) дарёфт ва мусодира шудааст.

Мақомоти милитсияи шаҳри Душанде аз кулли падарону модарон хоҳиш кардааст, ки рафтору кирдори фарзандони худро зери назорат гирифта, нагузоранд, то онҳо ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ гардонанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати монеъ шудан ба муноқишаҳои гурӯҳии ноболиғону ҷавонон, хусусан, бо истифода аз силоҳи сард баргузории амалиёти “Корд” дар ҳудуди пойтахт идома дорад.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20191104/musodirai-20-kordu-kastet-va-tabaru-niob-dar-du-rz

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон