Медали тиллои писари Бег Зуҳуров дар мусобиқаи байнулмилалии бокс

Медали тиллои писари Бег Зуҳуров дар мусобиқаи байнулмилалии бокс

 Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов дар Новосибирск муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.

Аз 29 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Новосибиски Русия Мусобиқаи XVIII кушоди умумирусиягӣ оид ба бокс ба хотири устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Дмитрий Панов баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа 130 нафар варзишгарон аз чордаҳ минтақаи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобат карданд.

Дар вазни +91 варзишгари тоҷик Сиёвуш Зуҳуров маҳорати хуб нишон дода, ба гирифтани медали тиллои мусобиқа ноил гардид.

Ба гуфтаи мураббии муштзан Парвиз Аҳмедов, қаблан Сиёвуш ду маротиба дар ин мусобиқа иштирок ва ду дафъа зинаи дуюмро ишғол карда буд.

Сиёвуш Зуҳуров писари сардори Хадмоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров мебошад. Муштзани 25-сола акнун ба мусобиқаҳои нав омодагӣ мегирад.

- Оянда дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Истанбул ва Ҷоми ҷаҳон байни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар Югра иштирок карданием, - мегӯяд мураббии варзишгар. - Аввали соли оянда мусобиқаҳои асосӣ барои Сиёвуш оғоз мегарданд. Моҳи феврал дар Чин мусобиқаи интихобӣ барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор мешавад.

Парвиз Аҳмедов изҳор дошт, ки вазифаи онҳо дарёфти роҳхат ба Олимпиада буда, Сиёвуш бо ҳамаи ҳарифони имконпазираш аллакай рақобат кардааст.

“Мо ҳамаи онҳоро хуб омӯхтем ва пас аз қуръапартоӣ ҳар кадомеро боз алоҳида меомӯзем. Умедворем, ки гирифтани роҳхат ба Олимпиада ба Сиёвуш муяссар мешавад.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/sports/20191105/medali-tilloi-pisari-beg-zuurov-dar-musobiai-bainulmilalii-boks

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон