Дар Туркия хоҳари Абубакр Бағдодӣ боздошт шуд

Дар Туркия хоҳари Абубакр Бағдодӣ боздошт шуд

 Низомиёни турк хоҳари Абубакр Бағдодӣ, раҳбари кушташудаи гуруҳи террористии «Давлати Исломӣ» (ДИ)-ро боздошт карданд. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба мақомҳои баландпояи Туркия иттилоъ доданд.

Ба иттилои манобеъ, Расммия Авади 65-сола ҳамроҳи хонаводааш дар контейнере боздошт шуд, ки дар шаҳри Азази вилояти Ҳалаби Сурия дар он зиндагӣ мекард. Ҳамроҳ бо ӯ панҷ кӯдак ва шавҳару келинаш дастгир шуданд. «Маълумоти вай дар бораи ДИ моро бо ин созмон бештар ошно хоҳад сохт», — гуфтааст яке аз манбаъҳо.

Абубакр Бағдодӣ моҳи гузашта дар натиҷаи як амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия худро тарконд. Дар ин амалиёт асноде дарёфт ва мусодира шуданд, ки дорои маълумоти муҳим дар бораи ДИ ҳастанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон