Ӯзбекистон: Сенарияи ягонаи тӯйҳо пешниҳод мешавад

Ӯзбекистон: Сенарияи ягонаи тӯйҳо пешниҳод мешавад

 Муовини вазири фарҳанги Ӯзбекистон Камола Оқилова пешниҳод кард, дар кишвараш сенарияи ягонаи баргузории тӯю маъракаҳо таҳия карда шавад, ки арзишҳои миллӣ ва ҷанбаҳои замонавиро дошта бошад.

Ба гуфтаи Оқилова, Идораи рушди муассисаҳои консертиву фароғатии Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон аллакай таҳияи қоидаи баргузории тӯйҳоро оғоз кардааст.

«Мушкили рақами як чист? Якум бояд арзишҳои миллӣ ва таърихӣ ҳифз шаванд. Дувум бояд ҳамқадами замона буд. Ҳангоми даъвати сарояндаҳо бояд ба чӣ тамаркуз кард? Бояд бо ҷалби донишмандон дар бораи ойини тӯйҳо пажӯҳиш гузаронда, ба мардум нишон дод, ки чи гуна метавон тӯйҳои зебо баргузор кард», — афзуд ӯ.

Порлумони Ӯзбекистон 14 сентябри соли равон қонун «Дар бораи танзими тӯй, маросимҳои хонаводагӣ, ҷашнҳо, маросимҳои азодорӣ»-ро ба тасвиб расонд.

Бар асоси ин қарор, маросимҳои хонаводагӣ танҳо як рӯз — аз соати 6 субҳ то 11 шом иҷозат дода мешавад. Ин тартибот ба маросимҳои гуру чӯб дахл надорад. Ба ҷуз ин, шӯрои ноҳиявӣ ва шаҳрии вакилони халқӣ метавонанд, муҳлати баргузории маросимҳоро танзим кунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон