ДУХТАР НЕ, ФОҲИША КАЛОН КАРДЕМ!

ДУХТАР НЕ, ФОҲИША КАЛОН КАРДЕМ!

 Зодаи ноҳияи Ёвонам. Зиндагии камбағалона доштем, аз ҳамин сабаб ба кор баромадам, то андаке бошад ҳам, ба падарам дар аробаи вазнини рӯзгор кӯмак расонам.

Дар як тарабхонаи машҳур кор мекардам. Тозакориамро дида раис маоши баландам медод. Падарам ба кор карданам зид набуд, вале ҳодисаи рӯй доду обрӯямро дар назди аҳли оила резонд.

Шабе як сарватманд дар тарабхонаи мо зодрӯзашро ҷашн гирифт. Сарвари тарабхона хоҳиш кард, ки то рафтани меҳмонҳо бимонем ва ваъда дод, ки баъди гусел карданашон худаш моро ба хонаҳоямон бурда вазъиятро ба волидонамон мефаҳмонад. Гумон доштам, ки меҳмонҳои серпул барвақт ҷашнро гузаронда мераванд, вале хаёлам хом баромад.
Мардони шикамдор то як поси шаб шароб нӯшида, тарабхонаро бо рақсу бозию ханда ба сар бардошта, фикри ба хона рафтан надоштанд. Мо, пешхизматҳо косаву табақҳои холишударо ба ошхона кашонда худоро зорӣ мекардем, ки тезтар ин пулмастҳо аз тарабхона раванд.
Ҳангоми табақчаҳои холишударо ба ошхона бурдан як марди шикамкалон пеши роҳамро гирифта, маро ба рақс таклиф кард. Узр хоста ӯро аз сари роҳам дур кардан хостам, вале он беимон маро зӯран ба оғӯш кашиданӣ шуд. Бадбахтона, ҳамин дам падару бародаронам аз дари тарабхона даромаданд ва ин манзараро дида хун ба сарашон зад. Бародаронам он пулмасти шикамкалонро лагадкӯб карданд, падарам бошад, маро чунон зад, ки аз даҳону биниам хун фаввора зада шорид. Пайвандонам аз кокулонам кашолакунон маро зада-зада ба хона оварданд.

Алами бегуноҳ шатта хӯрданам аз як тарафу суханҳои нешдори падарам, ки ҳар рӯз «духтар не, фоҳиша калон карда будаем-да» гуфта, таъна мезанад, аз тарафи дигар маро ҷигархун месозад. Илтимос, маслиҳатам диҳед, бегуноҳ буданамро чӣ хел исбот кунам?
Нигора, аз н. Ёвон

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон