Фарзонаи Хуршед навори намозгузории духтарашро нашр кард - видео

Фарзонаи Хуршед навори намозгузории духтарашро нашр кард - видео

 Сарояндаи маъруфи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори намозгузории духтарашро нашр кардааст

Фарзонаи Хуршед овозхони саршиноси тоҷик духтари примаддонаи саҳнаи тоҷик Сурайё Қосимова дар саҳифааш дар Instagram навори намозгузории духтараш - Закияро нашр кардааст.

Фарзона аз ин амали духтарчааш бисёр шод шудааст.

Аз навор дида мешавад, чигуна Закия намоз мегузорад. Ӯ дар сар рӯймоли калон ва дар рӯи ҷойнамоз калимаҳоеро талаффуз мекунад.

"Алҳамдулиллоҳ. Ба ҳар калимаи Аллоҳ гуфтани фарзандам баданам меларзад. Алҳамдулиллоҳ, ки Аллоҳ ин рӯзҳоро насиби ман кардааст", - навиштааст Фарзона.

Аксари ҳамвандони сарояндаи тоҷик аз ин амали духтараш истиқбол карда, ӯро васф намудаанд. 

"Мошоаллоҳ, Офарин",- навиштааст корбаре.

Дигаре гуфтааст "Худо Закияҷонро ба роҳи рост ҳидоят кунад", - таманно кардааст дигаре.

 

 

Ёдрас мешавем, ки пештар Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё овозхонони саршиноси тоҷик гашту гузорашонро дар "Порис" - и шаҳри Кӯлоб дар саҳифаашон нашр карда буданд.



Read more: https://sputnik-tj.com/culture/20191103/1030154959/Farzona-Khurshed-navor-namozguzori-dukhtarash-nashr-kard-video.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон