Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Испания бо ҳисоби калони 5:1

Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Испания бо ҳисоби калони 5:1

 Тими наврасони Испания мунтахаби наврасони Тоҷикистонро бо ҳисоби калони 5:1 шикаст дода, бо касби 4 имтиёз дар ҷойи аввал қарор доранд

Мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Қаҳрамонии ҷаҳон-2019-ро бо мағлубият анҷом доданд.

 Дар ин рақобат футболбозони тоҷик аз тими рақиб бо ҳисоби калони 5:1 шикаст хурданд.

 

Дар айни ҳол яккачни Испания бо касби 4 хол дар зинаи якум ва мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти 3 имтиёз дар зинаи дуюм қарор доранд. То ҳол аз гурӯҳи "Е" ба даври плей-офф ягон мунтахаб роҳ наёфтааст. Тақдири баромадани мунтахабҳо аз ин гурӯҳ танҳо дар даври охир муайян мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон низ барои роҳ ёфтан ба даври 1/8 ниҳоӣ имкони хуб дорад.

 

Дар бозии сеюми гурӯҳ футболбозони тоҷия санаи 4-уми ноябр соати 01:00 бо вақти Душанбе бо тими миллии Аргентина рақобат мекунанд.



Read more: https://sputnik-tj.com/sport/20191101/1030142891/shikast-muntakhab-navrason-Tojikiston-az-Ispaniya-bo-hisob-kalon-51.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон