расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҷоизаи Президенти Тоҷикистонро имсол 6 варзишгар мегирад

. / Ҷомеа

Ҷоизаи Президенти Тоҷикистонро имсол 6 варзишгар мегирад

Қарор аст маросими тақдими ҷоизаҳо 18-уми декабр баргузор шавад.

Акси бойгонӣ
Сурат: facebook.com/kumitaijavononvarzish
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд имсол 6 нафар варзишгари тоҷик барои натиҷаҳои ба даст овардаашон дар сабқатҳои варзишии ҷаҳонии соли 2020 номзадии хуро барои гирифтани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Тавре дар суҳбат ба “Азия Плюс” сардори шуъбаи кор ба дастаҳои мутахаби Кумита ҷавонон Суҳроби Акбаршоҳ гуфт, ин 6 нафар варзишгар аз навъҳои куштии тарзи озод, юнонӣ-румӣ, самбо, бокс ва таэквандо  пешниҳод шудаанд.
Суҳроби Акбаршоҳ ҳамчунин гуфт, ки варзишгарони тоҷике, ки дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷойҳои намоёнро сазовор гаштанд, метавонанд то 18 декабри соли 2020 номазадии худро барои гирифтани ҷоизаи Президенти Тоҷикистон пешниҳод кунанд.
Маросими супоридани ҷоизаҳо охири сол баргузор мегардад. Ин намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, ки то 18 декабр бархе мусобиқоти дигари варзишӣ низ ҳаст.
“Дар моҳи декабр як чанд чорабинии дигари варзишӣ аст, ки варзишгарони мо дар он мусобиқаҳо ширкат мекунанд, мо инро дар ҳолати ҳамагирӣ ба назар гирифта ин чорабиниро охири сол ҷамъбаст мекунем”.
Суҳроби Акбаршоҳ гуфт, феълан гуфта наметавонад, барои ин кор чанд ҳазору сомонӣ ҷудо карда шудаасту варзишгарон чандҳазорсомонии ҷоиза мебаранд, зеро озмун ҷамъбаст нашудаасту ғолибон муайян карда нашуданд.
Гуфта мешавад ҳоло аз дигар навъҳои варзиш якеӣ номзад ва аз самбо ду нафар номзад пешбарӣ шудааст. Намояндаи Кумитаи ҷавонон мегӯяд, ки ҳоло наметавонад ному насаби варзишгаронро расонаӣ кунад, чун онҳоро бояд комиссия бояд интихоб кунад.
Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соли 2015 бо номи “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” таъсис дода шуд, ки соли 2016 бисту як нафар ва соли 2017 бисту шаш нафар, соли 2018 ба 74 нафар, соли 2019 42 нафар, варзишгар соҳиби ин ҷоизаи прездентӣ гардиданд.
Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Имсол, ки бар асари ҳамагирии коронавирус аксари мусобиқоти варзишии байнламилалӣ, бо шумули мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон лағв шуданд, ки мутаносибан дастовардҳои варзишгарон ҳам дар сабқатҳои ҷаҳонӣ камтаранд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.