расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 73 нафар афзуд

. / Ҷомеа

Шумори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 73 нафар афзуд

Теъдоди умумии шифоёфтагон 95,1%-ро ташкил медиҳад.

Сурат: DW
Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 29 ноябр 12 ҳазору 155 нафарро ташкил медиҳад.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ду рӯзи ахир дар Тоҷикистон 73 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории COVID-19 ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, ҳодисаҳои фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз оғози пандемия 86 нафар боқӣ монд.
Ба иттилои манбаъ,шумори шифоёфтагон дар ин давра 81 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 11 ҳазору 559 нафар ё худ 95,1%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар саросари дунё 62,6 млн нафар сироятёфтагон аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, то ин дам 1,46 млн кас аз ин беморӣ фавтиданд ва теъдоди шифоёфтагон 40 млн нафарро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.