Ситоиши Юлдуз аз Шабнам: ӯ гуфт танҳо ба хотири як чиз бо Шабнам дуэт хонд

                              Ситоиши Юлдуз аз Шабнам: ӯ гуфт танҳо ба хотири як чиз бо Шабнам дуэт хонд

 Примадоннаи саҳнаи Узбакистон Юлдуз Усмонова гуфт ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё шогирди ӯ аст

Ҳунарманди саршиноси Узбакистон Юлдуз Усмонова дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Узбакистон дар бораи ҳунари Шабнами Сурайё гуфт.

Ба савол дар бораи нақшаи хондани суруди дугонагӣ бо овозхонони рус, Юлдуз гуфт ба наздикӣ бо сарояндаи номии Тоҷикистон Шабнами Сурайё суруд омода карда буд.

"То ҳол сароидан ҳамроҳ бо овозхоне аз Русия дар нақша нест. Ман бо сарояндаи тоҷик - Шабнами Сурайё танҳо ба хотири он дуэт сароидам, ки ӯ шогирди ман аст. Шабнам бисёр духтари хуб аст. Ӯ боре дар меҳмонии ман буд ва ҳамин тавр даромади гап мо тасмим гирифтем, ки ҳамроҳ ба забони тоҷикӣ суруде нашр кунем", - қайд кардд Юлдуз.

Ӯ афзуд, ки ба дигар забонҳо - туркӣ, русӣ, форсӣ барои ҷалби бештари шунавандагон месарояд, чун Узбакистони 40 миллиона барояш кам аст.

"Сарояндагони рус ба дигар забонҳо намесароянд, чун аудиторияи онҳо бузург аст. Барои ман бошад шунавандагони ватанӣ басанда нестанд. Ман ба дигар забонҳо насароям мекафам. Ман метавонстам бо ҳамин сурудҳои сабткардаам ором бошам", - гуфт Юлдуз ва афзуд, ки ӯ доим барои омода кардани хити нав кор мекунад.

Ёдрас мешавем, ки Юлдуз Усмонова рӯзи 13-уми ноябри соли ҷорӣ дар Русия бо консерти бошукӯҳи ҷашнӣ рӯи саҳнаи Crocus City Hall-и Маскав ва рӯзи 14 ноябр дар толори варзишии "Тинкофф арена"- и Санкт-Петербург, ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Юлдуз дар ин рӯз барномаи "Men seni sevaman"-ро намоиш медиҳад. 

Ба репертуари Юлдуз Усмонова, беш аз 600 тарона бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, туркӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ, ӯйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, форсӣ ва дигар забонҳо дохил мешаванд.

Миёни мухлисони тоҷик Юлдуз Усмонова бештар бо суруди “Биё, ҷонам, биё”, матни шоираи тоҷик Офоқ, ки соли 2008-ум эҷод шудааст, маъруф аст.

Ҳамчунин Юлдуз Усмонова суруди дигаре аз ашъори шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ - "Намекунӣ" хонда буд, ки низ хеле шӯҳратёраш кард.

Соли 2009 Юлдуз Усмонова ҳамроҳи маэстро Далер Назаров рӯи саҳнаи Кохи Борбад ҳунарнамоӣ  карда, суруди машҳури ин овозхон - "Чак чаки борони баҳор", - ро сароида буд.

Юлдуз Усмонова рӯзи 12 декабри соли 1963 дар Марғилони вилояти Фарғонаи Узбакистон ба дунё омадааст.

Ӯ ҳунарманди мардумии Узбакистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон мебошад.



Read more: https://sputnik-tj.com/culture/20191029/1030125396/Yulduz-Usmonova-Shabnam-Surayo-shogird-man-ast.html

назари худро нависед
Извините, что вторгся к вам на сайт,
но пожалуста, помогите каналу набрать 7000 просмотров.
https://zen.yandex.ru/media/id/5dbac5413642b600adb4098b/tak-vygliadit-xrumer-5d
bad245c7e50c00ae743c60

Больше не побеспокою.
Спасибо

Извините
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон