САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

 27.10.2019 тахминан соати 22.30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиелло», р/д 88-58 НН/01 шаҳрванд Муҳиддинов Комрон Носирович 1991 с/т, миллаташ тоҷик,  истиқ. кӯч. С.Айнӣ х.120, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи  Душанбе-Турсунзода, дар километри 48-уми  ҷ/д Қаратоғ, деҳ. Аҳрорун х.3 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба оҳани байни роҳ, ки роҳро ба ду қисм ҷудо мекунад, бархӯрдааст.  Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, шаҳрванд Шарифова Идимоҳ 1962 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. н.Восеъ, ҷ/д М.Вайсов, деҳ. Баҳористон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

27.10.2019 тахминан соати 19.20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ Х-5», р/д 70-00 РН/01 шаҳрванд Саидзода Урун Сафаралӣ 1980 с/т, истиқ.  ш.Душанбе, кӯч. М.Ризо х.191, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи  “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Гулпарвар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутунҳои  муҳофизатии шоҳроҳ,  бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, шаҳрванд Гурезов Меҳрубон Сулаймонович 1994 с/т, истиқ. н.Восеъ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ММТ ҶТ ба ҳалокат расидааст.

 

27.10.2019 тахминан соати 20.30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», р/д ТҶ 60-59 АА/01  шаҳрванд Дустов Носир Қурбонович 1976 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. ш.Душанбе, кӯч. Маяковский х.29, ҳ.6, ҷойи кораш ҶДММ “Дармонбахш”-и ш.Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди  Айнӣ-Панҷакент, дар километри  2-юми  ҳудуди дашти Хушекати н.Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Халифаева Меҳрубон Фатҳуллоевна 1977 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Айнӣ, деҳ. Хушекатро пахш намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд Халифаева М.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст.

назари худро нависед
Дождались

---
Да я смотрю, ты тут уже местный.. основные юридические услуги, франшиза услуги юридические или регистрация ооо ип юридические услуги это
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон