МАРГИ ФОҶИАВИИ ЗАНИ ЁВОНӢ БА ХОТИРИ 3-ФАРЗАНДАШ

МАРГИ ФОҶИАВИИ ЗАНИ ЁВОНӢ БА ХОТИРИ 3-ФАРЗАНДАШ

 Чанд рӯз қабл сомонаи Оила маводеро таҳти унвони “Мурдаи зани тоҷик дар Русия бесоҳиб монд”-нашр карда буд. Баъди нашри хабар хонандагони зиёде акси занро дар сомона шинохта, ба наздикону пайвандонаш хабари марги Садбаргро расониданд.

Садбарг Давлатова ҳамагӣ 38-сол дошт, аммо дар айёми шукуфоии умр тақдири талх дар ғарибӣ, дур аз падару модар, бародару хоҳар ва фарзандони ҷигарбандаш риштаи ҷони ҷавони ӯро барканд.
Ин зани муштипарро тақдири шум, бебахтӣ ва азоби гуруснагию дар ба дарии бачаҳояш маҷбур карда буд, ки рӯ ба муҳоҷират биёрад. Садбарг агарчи зан буд, ирдаи мардона, нангу номуси мардона дошт. Ӯ намехост фарзандонаш дастнигари дигарон бошанд, барои як луқма нон пеши худиву бегона хору зор шаванд, аз ҳамин хотир мардона камар баста, роҳи Русияро пеш гирифт, бехабар аз он ки сафараш сафари бе бозгашт хоҳад буд...

Тавре Зиёдамоҳ Соҳибназарова, як наздики ин хонадон мегӯяд:
-Садбарг Давлатова модари се фарзанд ва кӯдакнаш ҳама мактабхон буданд. Шавҳарашро дар Русия бо маводи мухадир дастгир карда ба мӯҳлати 16-сол равонаи зиндон намуданд. Садбарг бо шунидани ин шумхабар сахт рӯҳафтода шуда бошад ҳам, иродааш нашикаст. Алорағми ин бозии тақдир ӯ қарор дод, ки минбаъд барои бачаҳояш ҳам падар мешаваду ҳам модар ва то рӯзе ҷон дар рамақ дорад, намегузорад, ки кӯдаконаш хору зор шаванд. Вақте ки азми Русия намуд, пайвандонаш ба ин қарори ӯ зид баромаданд, аммо дар ҷавоб “очаҷон, бо гиря карда нишастан касе барои фарзан дони ман як луқма нон намеорад” гӯён, рахти сафар баст.
Орзуи Садбарг маблағи калон ба даст овардану фарзандонашро аз кӯчаи гуруснагӣ раҳо намудан буд. Бо ҳамин орзуву умедҳои ширин дар як бинои сохтмонӣ ба ҳайси сарошпаз кор мекард, аммо...
Худаш дар Русия саргамри кор бошад ҳам, фикру хаёлаш мудом дар Тоҷикистон буд. Сари ҳар қадам андеша мекард, ки бачаҳояш дар Ватан бе падару бе мдар чӣ ҳол дошта бошад. Як рӯзи наҳс банди ҳамин хаёлоти мағшуш аз ошёнаи дуёми коргоҳ афтода, ҷони ҷавонашро ба сахтӣ ба ҷонофарин супурд.
Се кӯдаки маъсуми Садбарг бехабар аз марги модар то ҳанӯз интизоранд, ки очаҷонашон бо мошинчаву велик ва хирсаку лухтаку шоколади бисёр ба наздашон бармегардад, вале афсӯс...
Модари зори Садбарг холаи Бибигул намедонад бо кадом забон ба Эҳсонҷон, Иброҳимҷон ва Аниса хабари марги модарашонро расонад. Бе ин ҳам набераҳояш баъди ҳабс шудани падарашон дилшикаста шуда буданд, магар ин кӯдакони бегуноҳ боз ба як зарбаи сахти тақдир тоб оварда метавонанд?!
Ҳоло мурдаи Садбарги бечора ба Ватан наомадааст, вале ин шабу рӯз дар хонаи момаи Бибигул гӯиё қиёмат қоим шуда, ҳама пайвандону ҷигарбандони ин ҷавонзани ормонӣ чашми тар доранд. 

Имрӯз ё фардо ҷасади Садбарги бебахт ба ноҳияи Ёвон мерасад, аммо хабари марги фарзанд модари зорро аллакай ба бистари беморӣ афкандааст. Худоё ба модараш қувват бидеҳ, то ин имтиҳони сангинро паси сар намояд....
Р/С
Ёдрас мешавем, ки шоми 20-уми октябр, тахминан соатҳои 21-и шаб Давлатова Садбарг Ашӯралиевна, зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон, дар автосалони “Мажор Авто” дар наздикии МКАД – шоҳроҳи ҳалқавии атрофи шаҳри Маскав – аз қабати дуюми бино афтода, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади марҳум дар мурдахона (морг)-и шаҳри Красногорск қарор дорад.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон