ЗАНАМРО ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ХУШДОМАНАМ КУШТАМ!

 Ман як ҷавони 24- солаи раштӣ ин номаи пур аз дарду аламро аз кунҷи зиндон навишта истодаам.

Пинҳон намекунам, ман қотилам. Ягн одами бегонаро не, зани худамро бераҳмона ба қатл расондам. Маро туҳмати мардум не, рашки хонумонсӯз маҷбур сохт, ки бо корди говкушӣ зани аз ҷон азизтаринамро аз байн бибарам. Имрӯз дар паси панҷараҳои оҳанини маҳбас бо чашмони ашколуд Худоро зорӣ карда истодаам, ки ҷонамро тезтар ситонад, то аз ранҷу азоб халос шавам...
Занам бегона не, духтари холаи худам буд. Рӯзҳои аввали зиндагӣ ошиқи зори арӯсам будам, вале баъди баромадани чиллаи домодию арӯсиамон ҳаёти мо ба дӯзах табдил ёфт. Мани беақл занамро ҳатто ба сояи худам рашк карда, таги шатта мегирифтам. Модарам тарафи ҷиянашро гирифта, доим маро сарзаниш мекард, аммо ба гӯшам на панд медаромад ва на насиҳат.
Хулоса, бо ҳамин азобҳо соҳиби писарчаи зебо гаштем. Одатан тавлиди фарзанд зиндагиро мустаҳкам месозад, аммо ман ҳанӯз аз бадгумонӣ намонда, ҳар қадами занамро зери назорат мегирифтам. Як рӯзи шум аз кор баргашта, ҳамсарамро дар хона наёфтам. Модарам гуфт, ки ба хонаи ҳамсоя рафтааст. Баробари аз дарвоза даромадани занам “дайдуи худозада, барои чӣ дар хона намешинӣ” гуфта, ба сараш мушт бардоштам ва ӯро ончунон лату кӯб кардам, ки сару рӯяш пур аз хун шуда, чанд рӯз аз ҷойгаҳ хеста натавонист. Намедонам кадом “хушхабар”ба хусуру хушдоманам хабар додааст, ки ба сарамс омада, ҷангу ҷанҷол бардоштанд. Додарони занам аз гиребонам дошта, маро бо белу каланд мурдакӯб карданд. Дар сари қаҳру ғазаб корди каонеро аз ошхона гирифта ба сари ҳамсарам давидам ва дар пеши чашми падару модараш ӯро кордборон кардам. Қиёмат дар яклаҳза қоим гашта, хонаамон ба мотамсаро табдил ёфт. Қисми беҷони ҳамсарамро пайвандонаш бо нолаҳои зор ба хонаи худашон бурданд, ба дастони ман бошад, кормандони милиса завлона зада, маро ба мошини панҷарадор бор карданд.

Ҳамин тавр мани қотил ба зиндон афтидам. Муддати ду сол мешавад, ки дар маҳбас ба сахтӣ рӯз гузаронида истодаам. Саломатиам рӯз то рӯз бадтар шуда, мағз-мағзи устухонам месӯзад, бар замми ин, ҳар шаб занам ба хобам медарояд ва маро бғӯӣ карда куштанӣ мешавад. Касе ба суроғам намеояд, ҳатто падару модарам аз мани қотил рӯй гардондаанд. Дар кунҷи маҳбас зиндадаргӯр ҳастам. Худоро зорӣ мекунам, ки ҷонамро тезтар бигирад, вале аз афташ худованд ҳам аз ман барин инсони разили дастонаш ба хуни одамӣ олуда безор аст. Саргузашти талхамро ба он хотир қисса кардам, ки ба дигар мардон дарси ибрат гардад ва пеш аз оне, ки кореро мекунанд, сад баротиба аз оқибати амалашон андеша намоянд.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон