МУРДАИ ЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БЕ СОҲИБ МОНД

МУРДАИ ЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БЕ СОҲИБ МОНД

 Набудани ҷойҳои корӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавону бо ду-се фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ танҳову зор мондани занҳои бечора ва рӯз то рӯз душвортар шудани шароити зиндагӣ дар баробари мардон бонувони тоҷикро низ аз Ватан бе Ватану аз хона бе хона гардонидааст.

Ҳамасола қатори ҷавонмардон ҳазорон-ҳазор занҳои тоҷик низ аз ҳафт ҷой миёнашонро маҳкам баста, ба муҳоҷират мераванд, то бо хориву зорӣ бошад ҳам, ризқу рӯзии худу фарзандонашонро аз мулки бегона пайдо намоянд. Сафари занҳои муҳоҷир на ҳамеша барор мегирад, яке ба дасти пулису дигарӣ ба доми мардумфиребон меафтад, саввумӣ аз ночорӣ рӯ ба гадоӣ ё фоҳишагӣ меорад, чаҳорумӣ бошад, дар мулки бегона, дур аз ёру диёр ҷони ширинашро ба сахтӣ ба ҷонситон месупорад...
Далели равшани ин гуфтаҳо мурдаи бесоҳиби як ҷавонзани тоҷик аст, ки дирӯз аз метрои Строгино аз рӯ ба рӯи салони “Мажор-авто” пайдо намудаанд. Марҳум Давлатова Садбарг Ашӯралиевнаи 33-сола буда, аз рӯйи маълумотҳои шиносномааш сокини ноҳияи Ёвон аст. Тахмин меравад, ки ин зан ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ аз бинои навсохте, ки дар наздикии маҳалли ёфт шудани ҷасадаш ҷойгир мебошад, афтида, ҷон ба ҷонофарин супурдааст.

Ҷасади Садбарг айни замон дар МОРГ-сардхона нигаҳдорӣ карда мешавад. Аз касоне, ки ин ҷавонзанро мешиносанд, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки хабари марги ӯро ба пайвандонаш расонда, мурдаи ин зани тоҷикро дар мулки бегона бе соҳиб нагузоранд.
Телефон барои тамос: +79645594961 ва +79252776595
назари худро нависед
Какие нужные слова... супер, отличная идея

---
Безусловно, он не прав погода оренбург по часам, анна горозия а также мария шантанова признаки сумасшествия
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон